Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ҳамин саҳарӣ ба болои маслиҳати Шаҳрисабзравӣ баргаштани ӯро Восеъ фоли нек гирифт. «Андак мушкиле, ки бо ин сағира доштам, ба хубӣ ҳал шуд, иншоаллоҳ мушкили дигарам ҳам осон, сафарам бахайр мешавад» – ба дил гузаронд ӯ. Ҳарчи бошад ҳам ӯ мусулмон буд, ба мавҳумот эътиқоде дошт.
Ду рӯзи баъд ба тараддуди сафар гузашт. Аноргул ва Гулъизор тӯшаи роҳ тайёр карданд – кулчаҳои ҷавин бастанд, талқон кӯфтанд.
То пухтани гандуми баҳорӣ камобеш ду–се ҳафта монда буд, Восеъ гуфт, ки ҳаракат мекунад ба вақти дарав расида биёяд, аммо агар бо ягон сабаб дертар монад, бигузор Қосим бо ёрии Ризо дарави гандуми баҳории дар адир шарикона коштаашонро сар кардан гирад.
Аҳли хонавода, хешон ва ёру дӯстони Восеъ ӯро бо як ҳисси ғамангези ҷудоӣ ва «саломат бираву саломат биё»– ҳои бисёре ба роҳи дур гусел карданд.
Ӯ лингаи куҳнаеро, ки ба даруни он ғайр аз зоди сафараш мукии худро ҳам андохта гирифта буд, ба китфаш партофта побараҳнаву пиёда равон гардид.


Одати халқии «додари қиёматӣ» шудани ду марди ба ҳам бегона хусусан дар байни кӯҳистониён хеле маъмул аст.
Восеъ ва Назир ҳам «додарони қиёматӣ» буданд.
Ин воқеа бисту панҷ сол пеш рӯй дод.
Он вақт амирони манғития ҳанӯз «Бухорои шарқӣ»–ро ба худ тобеъ накарда буданд, миру шоҳони кӯҳистон ба худ истиқлолияте доштанд.
Бошандагони деҳаи Норинҷ як пагоҳ аз хоб бедор шуда хабар меёбанд, ки тобеи Қаротегин шуда мондаанд. Дирӯз онҳо фуқарои мири Балҷувон буданд, имрӯз фуқарои мири Қаротегин. Деҳа дар сарҳади ин ду вилоят ба канори Хингоб воқеъ буд.

пешина
аз 471
навбатӣ