АХТАРОНИ АДАБ

Биёяду аз фиреб огоҳ шавад, албатта, балое ба сари норинҷиён наёварда намемонад.
Хешони Восеъ, албатта, аз ҳама зиёдтар хавотир мекашиданд.
Ҳол он ки ба тобеияти мири Қаротегин гузаштани Норинҷ бе он ҳам хешони Восеъро хеле нотинҷ карда монда буд.
Ва ин ваҷҳ дошт.
Ваҷҳ ин ки: мирони Кӯлобу Балҷувон, Ҳисор, Масчоҳ, Қаротегин, шоҳони Дарвозу Бадахшон байни худҳошон доим ба ҷангу ҷидол буданд. Гоҳ мире бо мире танҳо меҷангид ва гоҳе ду–се мир як шуда ба болои мирону шоҳони дигар тохту тоз мекарданд. Мақсади асосии ин ҷангҳо ғорат буд: ғорати мол, чорпо, ғалла. Баъзан ҳам дар талоши чарогоҳе ё деҳае. Аҳёнан аз боиси зане ҳам меҷангиданд. Ба масал, мири Кӯлоб духтари соҳибҷамолеро ба занӣ гирифтааст, мири Ҳисор дар ҳоли мастӣ лоф мезанад, ки он духтарро бо зӯрӣ ба ҳарами худ хоҳад овард. Вассалом, баҳонаи ҷанг муҳайёст. Ҷафои ин ҷангу ҷидолҳоро фуқарои бечора мекашид.
Аз гардиши фалак деҳқони хокпоши норинҷӣ Шакар – падари Восеъ ҳам боре шарики кашмакаши мирон шуда монд. Дар як ҷанг сарбозони қаротегинӣ на танҳо кишти ғаллаи ӯро поймол карданд, балки асп ва ҷуфти говашро ҳам ба яғмо бурданд. Шакар бо дасти аламу ҳасрат ба сар задан қаноат накарда, бори дигар вақте ки мири Кӯлоб ба мири Қаротегин эълони ҷанг кард, таёқ дар даст рафта ба сафи сарбозони кӯлобӣ дохил шуд. Ҳарчанд ки аз ҷанг муроде ҳосил нагардид, зеро қаротегиниҳо дар сари вақт аз хатар огоҳӣ ёфта, ба пешвози душман баромада буданд ва аз ин рӯ мири Кӯлоб пас аз заду хурди яксоата дар ағбаи Лулхарвӣ тамбаи дари Қаротегинро шах дида, аз табу тоби ҷангҷӯӣ фуромаду ақиб гашт, аммо Шакар тавонист дар он задухурд ду нафар қаротегиниро бо таёқ зада аз аспҳошон фурӯ ғалтонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё