Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Як нафари онҳо аз зарби таёқ мурд. Баъд маълум шуд, ки ӯ додарзодаи мири Қаротегин будааст...
Пас аз ин воқеа Шакар дар байни мардум ном бароварда, ӯро ҳама Шакар–баҳодур мегуфтагӣ шуданд.
Мана акнун ноомади кор Шакарро табааи мири Қаротегин карда монд. Мир кӣ будани кушандаи бародарзодаашро донад ҳам аҷаб нест; агар надонад, хушомадгӯёнаш, албатта, ба ӯ «медононанд». Ба болои ин акнун писараш ҳам бо шӯхии беақлонааш андозчинони қаротегиниро ба худ душман кард. Шакар чаро хавотир накашад?
Ҳар як одами беозортарин ҳам душмане ва бадхоҳе дорад. Хавотиркашии Шакар беасос набуд: яке аз бадхоҳони ӯ воқеан ҳам ба қаротегиниҳо хабар кашид, ки кушандаи хеши мир ҳамин Шакар аст ва андозчинони мирро ҳам бо ҳила гурезондагӣ писари ӯ Восеъ мебошад.
Шакар аз рӯйи эҳтиёт писарашро ба мулки Балҷувон – ба тарафи Сарихосор гурезонд.
Восеи ҷавон дар рӯзҳои гурезагии худ дар кӯҳ бо Назир–мерган ном шикорчӣ шиносо шуд. Ду–се рӯз дуяшон ҳамроҳ дар кӯҳҳо бо камони пилтагӣ шикор карда гаштанд, аммо шикорашон барор нагирифт. Рӯзи охирин Восеъ иттифоқо бо камони Назир як нахчирро тир зада сабук захмдор кард, вай лангон–лангон рӯ ба гурез ниҳод, Восеъ ҳарчанд мерган манъаш кунад ҳам қабул накарда аз пайи нахчири маҷруҳ афтод ва онро аз нисфи рӯз то бегоҳ таъқиб намуда, охир дар як камари кӯҳ зер карда гирифт.
Ин ҷавони боғайрати қавибозу ба Назир хуш омад, ӯ шикорошнои худро ба хонааш бурда зиёфат кард.
Восеъ аввал сирри худро ба Назир накушод, андеша кард, зеро мири Қаротегин эълон намуда буд, ки ҳар кас агар Восеъ Шакарзодаро дастгир кунад, аз мир ду гӯсфанди бӯрдоқӣ мукофот хоҳад гирифт. Аммо дар охир он ҳама одамгарӣ ва ғарибнавозии Назирро дида дар дилаш нисбат ба вай эътимоде пайдо шуд ва сирри худро ба ӯ ошкор кард.

пешина
аз 471
навбатӣ