АХТАРОНИ АДАБ

Назир донист, ки ҷавон бегуноҳ аст ва он шӯхии худро дар ҳаққи андозчинони мир аз рӯйи маҷбурият кардааст, ба ҳоли ӯ таассуф карду гуфт:
«Ғам нахӯр, додар, хонаи ман хонаи худат, чӣ қадар ки хоҳӣ, истодан гир». Восеъ дар хонаи Назир ду ҳафта пинҳон шуда зиндагӣ кард. Соҳиби хона ба вай на фақат паноҳ, балки нону ош ҳам дод. Зани Назир либоси ӯро шуст. Дуяшон боз ду бор ба шикор баромаданд. Мерган ба ҳамқишлоқиёни худ мегуфт, ки Восеъ хеши ӯст ва ба меҳмонӣ омадааст.
Як рӯз Назир дар маркази амлокдории Сарихосор – деҳаи Шаҳидон ба деҳқонони норинҷии ба бозор омада вохӯрд ва аз онҳо фаҳмид, ки падари Восеъ бо оилааш аз деҳаи худ ба Ховалинг кӯчида аст. Одамони мири Қаротегин дар талаби хунбаҳои бародарзодаи мир ва аз ваҷҳи Восеи гуреза Шакарро бисёр ба танг овардаанд ва ӯ ғайр аз тарки диёри худ чорае наёфтааст.
Мерган ин хабарро ба меҳмони гурезаи худ расонда буд, ки меҳмон барои некии мизбонаш изҳори миннатдорӣ намуда, бо ӯ хайрбод карда фавран ба роҳ даромад.
Мехост ба ҷустуҷӯи падару модар, додар ва хоҳари сарсону саргардонаш равад. Дар даҳани дара, ки Назир то он ҷо гуселаш кард, Восеъ хайрбоди бағалкаш намуда гуфт:
«ман туро додари қиёматӣ гирифтам, Назир. Минбаъд ту дар куҷое, ки бошӣ, ба сарат ҳар мушкиле, ки ояд ба ман хабар деҳ, ман ба наздат ҳозир мешавам ва барои мушкили туро осон кардан ҷонамро ҳам дареғ намедорам...»
Аммо пеш аз он ки Восеъ мушкилеро аз мушкилоти додархондааш осон созад, рӯзгор боз як бори дигар ӯро ниёзманди ёрии Назир гардонид. Хонандагон шарҳи ин воқеаро дар боби зерин хоҳанд ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё