Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аноргул нӯги остинашро ба манаҳаш гузошта сукут кард ва сукут, албатта, аломати ризо буд.
Дуяшон дар сояи таги ғарами гандум нишастанд. Духтар камонабрӯ буд, чеҳраи ӯ ба ранги нони гандуми баҳории навакак аз танӯр канда сафедтоби гулгун ва аз арақ тар, шарму ҳаёи диловези духтарона ба он чеҳраи софи дилкаш сояандоз, чашмони шаҳлояш ангиштвор сиёҳу дурахшандаву пурнур буданд. Читкуртаи сурхи куҳнаи гулдораш ба хаму қатҳои худ андоми латифу мутаносиб ва миёни борики ӯро аён месохт. Китфи курта андак чокаш кандагӣ буд, аз он ҷо як пора бадани сафеди симини ӯ ҷилва мекард, ки аз дидани он тоқати Восеъ тоқ мегардид. Ҳатто поҳои ғуборнишастаи духтар ҳам, дар даруни кафши куҳнаи даридаву ямоқин ба назари Восеъ ниҳоят зебо ва латиф менамуданд. Ҷавон ноаён–ноаён меларзиду бурида–бурида нафас мегирифт ва аз сару рӯяш арақ мешорид, мисли ин ки дар дами оташ нишаста бошад. Бо ин ҳама дилаш аз шодиву сурур ва ҳисси хушбахтӣ саршор буд. Ӯ миёнбанди карбосинашро ба болои дарзаи гандум паҳн карда, ба рӯйи он аз лингаи чиптагии худ талқони тут ва якто нони қоқ бароварда монд; нонро пора кард.
– Бигир шарм накун, насибат будааст.
Таоруфи ҷавон он қадар содаву самимона буд, ки духтарак ба зудӣ шармаш рафъ шуда ба хӯрдани зиёфати ғарибонаи ӯ шурӯъ кард.
– Ман ховалингӣ ҳастам, аз Дараи Мухторам, номам Восеъ, – ҷавон лозим донист худро шиносонад ва пурсид:
– Ту духтари кӣ мешавӣ?
– Духтари Наимшоҳ.
– Шоҳдухтар будаӣ, – шӯхӣ кард Восеъ.
Вақте ки Аноргул донист Восеъ писари Шакари даравгар будааст, ба шӯхии ӯ ҷавоб гардонда гуфт:
– Шакарписар будаӣ.
Бо ҳамин як даҳан ҳазлу зарофати сода ҳисси бегонагӣ дар байни Восеъ ва Аноргул камтар шуда, дуяшон ҳам ба якдигар қаробате пайдо карданд.

пешина
аз 471
навбатӣ