АХТАРОНИ АДАБ

Баъди ин шиносоӣ онҳо ҳар рӯз бо ҳам вомехӯрданд, чақ–чақ мекарданд.
Восеъ, ки ҷойи хобаш дар хирман буд, шабҳо думбураи худро навохта таронаҳои ошиқӣ мехонд. Аноргул ба ӯ мегуфт, ки бо падар ва модарандараш дар бом мехобад ва шабҳо таронаи Восеъро мешунавад.
Як бегоҳии дер ӯ пинҳонӣ ба назди Восеъ омад. Дар рӯмолча якто нон ва каме талқон печонда овард.
– Ту он рӯз маро зиёфат кардӣ, биё акнун зиёфати маро бихӯр, – бо хандаи чун хониши кабк қаҳқаҳадори худ таоруф кард духтар.
Дуяшон дар болои кӯрпаи ғафси коҳ ба паҳлуи ҳам нишастанд. Гунбази осмон аз ситораҳо чароғон ва хурӯши мастонаи Сурхоб танинандоз буд, шаббодаи роҳатафзо ҳавои шабро аз бӯйи хуши дарзу коҳ ва боз ҳар гуна гиёҳҳои кӯҳиву даштӣ муаттар карда буд. Аз ҷониби кӯтал таронаи чӯпоне ва ё кадом хоркаши дар роҳ дермондае ба гӯш мерасид. Восеъ ва Аноргул он шаб лаззати ҷонбахши аввалин бӯсаҳои ошиқу маъшуқиро чашиданд.
Хирманкӯбӣ ба охир расид, Восеъ бояд ба деҳаи худ бармегашт. Соати ҷудоӣ аз Аноргул наздик буд. Ҷавон аз нақли духтар медонист, ки ба ӯ дар ватанаш аз чандин ҷой хостгорон баромадаанд ва албатта, падару модарандараш дар ин қарибӣ ӯро ба ягонтои он хостгорон, оне ки бадавлаттар бошаду қалини зиёд диҳад, ба занӣ медиҳанд.
Аммо Аноргул ғайр аз Восеъ дигар касеро намехоҳад.
Чӣ бояд кард? Восеъ гуфт, ки ӯ падари худро ба хостгорӣ мефиристад. Аммо агар фаразан падару модарандари Аноргул хостгории ӯро қабул накунанд, он гоҳ ӯ ягон тадбири дигаре хоҳад кард.
Вай музди хирманкӯбии худ – як ман гандумро ба аспаш бор карда вақти бомдод ба роҳ даромад. Аноргул мувофиқи ваъда ба сари роҳаш баромада ӯро дар хамгашти сангоб пешвоз гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё