Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Вақти ғуруби офтоб ба Лангар расида дари Наимшоҳро кӯфт, Аноргул баромад. Шакар фаҳмид, ки чаро писараш ошиқи беқарори ин духтар шудааст: ӯ дар пеши назар пайкари рехтаи латифе, ҷамоли оламорое ва сиёҳчашмони пурҷилои фаттонеро дид.
Аноргул падари Восеъро, ки тобистон вақти дарав дида будаш, шинохт.
– Марҳамат, дароед, бобо.
– Бобот садқа, номи ту Аноргул аст?
Духтар ба чӣ кор омадани ӯро пай бурда худ ба худ сурх шуд, рӯяшро бо нӯги рӯмолаш нима пинҳон кард. Ӯ пирамардро бо хараш ба ҳавлии берунашон дароварда харро дар мех баст ва падарашро садо кард.
Наимшоҳ баромада, Шакар–баҳодури ховалингии шиносро хуш пазироӣ карда, ба меҳмонхонааш дароварда шинонд.
Зани ӯ дар ҳавлии дарун аз Аноргул пурсид.
– Кӣ омад?
– Хостгор, – истеҳзаомез ҷавоб дод Аноргул, зеро вай аз ваҷҳи ин ки он рӯз модарандараш барои сар шустани духтарак ҷурғот надода буд, аз ӯ қаҳрӣ буд.
– Дурӯғ нагӯй, – нобоварӣ изҳор кард зан.
Аноргул як дам бо ҳавоси парешон истоду баъд ба модарандараш рӯй оварда гуфт:
– Ман ба ясавулбошии ту намерасам. Ин меҳмони омадагӣ падари ҳамон бачаи ховалингӣ аст, ба хостгорӣ омадааст. Бирав, ба отаам гӯй, розӣ шавад.
– Рӯт сиёҳ, духтари бешарм!
Занак Аноргулро ба зании як нафар хеши худаш, ки дар хизмати шоҳи Дарвоз буд, ба болои зани ӯ доданӣ шуда, шавҳарашро ҳам ба ин «кори хайр» қариб розӣ карда буд.
– Ман ғайр аз ҳамон бачаи ховалингӣ дигар касро намехоҳам, – бо қатъияте, ки занакро дар ҳайрат андохт, гуфт Аноргул.
– Дилакат ба ҳамон гавсавор рафт? – таъна зад модарандар.

пешина
аз 471
навбатӣ