АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ маҳбубаи худро дар канор гирифта аз рухсора ва чашмони тараш бӯсиду гуфт:
– Ман туро меёбам, маро фаромӯш накун.
Ӯ ба хонаашон – ба Дараи Мухтор равон шуд.
Рӯзи дигар Наимшоҳ ҳам музди даравгарӣ ва ғаллаи хӯшаҳои духтараш ва занаш чидагиро ба хар бор карда, ҳамроҳи онон роҳи Дарвозро пеш гирифт.
Восеъ дар хона ба падару модараш қиссаи ишқи духтари дарвозиро нақл кард ва исрор намуд, ки Шакар ҳар чи зудтар ба Дарвоз барои хостгории Аноргул равона шавад.
1
– Ӯ ҳамин хел духтари зика аст, ки ту ошиқи беқарораш шудӣ? – кунҷковӣ кард Шакар.
– Ту ӯро мешиносӣ ота, падараш Наимшоҳ қатии мо гандум дарав мекард, Аноргул хӯша мечид, – хотирасон кард Восеъ.
Шакар ҳарчанд фикр мекард, он духтарро ба хотир оварда наметавонист, зеро духтаракони хӯшачин бисёр буданд. Восеъ ҳайрон мешуд, ки падараш дар байни он хӯшачиндухтарон ба он тоқадухтари зебо ва дурри якто диққат накардааст ва ӯро ба ёд надорад.
– Ӯ дар чашми ту тоқа аст, бачам, аммо ба чашми ман ҳамаашон як хел менамуданд, – хандида гуфт Шакар.
Пирамард дар андеша монд. Аз чӣ сабаб бошад, ки ӯ дарвозиҳоро нағз намедид, бо онҳо хеш шуданро намехост. Ҳар ҷо дарвозиро бинад, тутпусхӯр гуфта масхарааш мекард, агарчи тутпус – қиёми тут ва як навъ ҳалвои тар буда, хӯрданаш айбе надошт. Дар ҷавоби ин, дарвозиҳо ӯро, чунонки лақаби ҳазломези кӯлобию балҷувониҳо буд, гавсавор гуфта ҳаҷв мекарданд.
Бо вуҷуди ин ӯ ба хотири писараш хостгориро ба гардан гирифт. Рӯзи якшанбе – бозори Ховалинг вай аз он ҷо баъзе савғотиҳо харида, харакӣ ба роҳи дури Дарвоз равона гардид.
Зика – зебо, нозанин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё