Аз пайи паланг

нишасту ба атроф зеҳн монд. Чорсад-панҷсад метр дуртар бузҳои кӯҳӣ намудор гаштанд, беихтиёр ба баданаш рашъа давид. Гурги ланг чолокона ба галаи бузҳо наздик мешуд.
Бузҳо бӯи душмани ҷони худро даррав ҳис карданд. Бод аз тарафи гург мевазид. Онҳо бо бесаранҷомӣ паноҳ ҷустанӣ шуданд. Гурги пир аз таҷриба нағз медонист, ки бузҳо аз миёни харсангҳо мегурезанд. Зеро дар байни харсангу кӯҳпораҳо буз тезтар ҳаракат мекунад. Гург бошад, дар ин мавридҳо қудрати дастгир кардани тӯъмаашро надорад. Гурги ланг ҳамаи инро дониста дар як дам бузҳои содаро чапғалат дода, аз пешорӯи онҳо баромад. Барф меборид. Бузҳои аз барф таршуда бо азоб мегурехтанд. Гурги ланг ғайричашмдошт миёни бузҳо даромада бо як ҳуҷум тӯъмаашро аз пой афтонд...
Вақте ки гурги ланг бузи кӯҳиро пӯст меканд, аз бузҳои дигар нишоне намонда буд. Боз гурги ланг буду паҳнои беканору барфу борон. Гург дар як дам ҳамаашро фаромӯш кард. Гӯшти сайдашро канда мехӯрду бо ҳамин таскин меёфт. Дар ин гуна лаҳзаҳо ӯ зуд дарду кулфатҳояшро фаромӯш мекунад. Аз барори шикораш масту махмур мегардад ва гӯшти болаззат тану ҷонашро роҳат мебахшад...
Баъди ду рӯзи сербориш дар талу пуштаҳо шамоли сарде сайр дошт. Вале шасти хунукӣ гашта буд. Гурги ланг ҳавои саҳариро оҳиста-оҳиста дам кашид. Фаҳмид, ки баъди ҳафтае айёми гармиҳо фаро хоҳад расид. Ӯ аз нишебу фарозҳо гузашта, ба қуллаҳои кӯҳ ба ҳавас нигоҳ мекард. Кӯҳпораҳои шиносаш дар зери кӯрпаи барф роҳат доштанд. Ҷонвар ба теғаи кӯҳи аз ҳама баланд зеҳн монд. Кӯҳ ба шакли ҳайратовар меистоду аз миёнаҷои он шаршараи оби мусаффое ҷорӣ буд. Гурги ланг наздики шаршара омад. Дар поёни дарё оби софу зулоле ҷамъ мешуду баъд шилдирросзанон миёни харсангҳо равон мегашт. Ӯ ба қаъри ҳавз нигариста дар миёнаҷои гулҳо шишаҳои холӣ, оҳанпораҳоро дид. Аз нав аламаш кард. Тобистони гузаштаро ба хотир овард...
Он рӯз тариқи чархбол чор-панҷ марди шикамкалон дар миёнаҷои дара фуромада ана дар ҳамин мавзеъ хайма заданд.
То дами бегоҳӣ чӣ қадар нӯшиданд, маълум не. Гурги ланг ҳамин қадарашро медонад, ки онҳо мастона шишаҳои холиро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё