Аз пайи паланг

ба ҳавз ҳаво медоданд. Баъд ду нафар бо навбат наздашон гӯштбирён мегузоштанд. Гурги ланг ҳайрон буд, ки чаро онҳо дар якҷо шишта танҳо менӯшанду мехӯранд. Ва ин муамморо то ҳол нафаҳмидааст. Ӯ охирин бор бо ҳасрату дард ба ҳавзи об нигоҳ карду нишеб шуд.
Дигар назараш чизеро намегирифт. Балки гурги ланги танҳо намехост, ки ба табиати атроф нигоҳ кунаду харобаҳоро бинад...
Дар бисёр ҷойҳо барф майли обшавӣ дошт. Гурги ланг дилаш пур аз яъсу ноумедӣ беихтиёр сӯи чормағзи пир меомад.
Ӯ кай медонист, ки ӯро чӣ пешомаде интизор аст. Ё шояд аз ин гуна ҳаёту танҳоӣ ба танг омада буду роҳи аз он халос шуданро меҷуст, ки бо шаст дунболи марг мерафт...
Чӯпонҳои мавзеи Дамгирак кайҳо ин чормағзи пирро таги чашм карда буданд. Айёме, ки гурги ланг чӯпонҳоро зери чормағзи пир дар баҳсу талош медид, ҳеҷ намефаҳмид, ки онҳо баҳри чӣ ин қадар ба якдигар дармеафтанд. Гоҳе мушоҳида мекард, ки барои ҳосили он бо якдигар ҷанҷол мекунанд. Ҳамагӣ ба болои он баромада, шохаҳои чормағзро меафшонанду дар як лаҳза тагаш моломоли донаҳои калон-калон мегардад. Баъд халтаҳо дар даст ҳарисона чормағз меғундоранд...
Гурги ланг ҳеҷ ба гӯшаи хаёл намеовард, ки маҳз ҳаминҳо рӯзе мешаваду қасди буридани чормағз мекунанд...
Гурги ланг мавзеи чашмаро паси сар карду яке ба гӯшаш садои табарзанӣ расид. Аввал ҳайрон шуд. Бовараш наомад.
Охир, кай дар чилаи зимистон ба ин дашт одам меомад, кай?
Чун ба наздикии чормағз расид, пеши чашмаш сиёҳӣ зад. Ду нафар паси ҳам ба ягона чормағзи дара, ягона шоҳиди талхиву шириниҳои ҳаёти ӯ табар мезад. Гурги ланг ба табарзании онҳо хеле нигоҳ карду хост қафо гардад. Аммо ғурури гургона дар тану ҷонаш ба ғалаён омад. Нисбат ба одам нафраташ баланд шуд. Хост ба онҳо дарафтода ҳардуро пора-пора созад.
Аммо боз аз нияташ гашт. О, аз дасти мани ланг, чӣ ҳам меояд? – ин ҳама дарду алам дилашро ҷафид. Гурги ланг хеле нигоҳ карду ба танаш раъша давид. Хуни авлодияш ба ҷӯш омад. Дар худ нерӯи дигареро, ки лаҳзаҳои ҳуҷум ёраш мегашт, ҳис карда, дандонҳояшро ба ҳам совида ба пеш давид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё