Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пайдошавии гурги ланг чӯпонҳоро мот кард. Онҳо, ки ин ҳодисаро чашмдор набуданд, гурехтанд. Гурги ланг ҳам хост баргардад, ки яке овози тир баромад. Тир пои рости гургро сӯрох карда гузашт. Гурги ланг гашташро тез карда рӯ ба нишеб ниҳод. Яке овози тири дуюм, баъд сеюм чун барқ ҳаворо рахна зад. Чӯпони дуюм бо навбат аз туфанги думилааш тир холӣ мекард. Гурги ланг дар хуни худ ғарқ гашта охирин бор бо ҳасрат ба атроф назар афканд. Ҳис кард, ки ҳалқаш месӯзад... Тани беҷони гурги ланг дар шафати чормағзи пире, ки як вақтҳо саробони гурги ланг буд, мехобид.
Гурги ланг бо дидаҳои ғарқи хун хаёле ҳамоно сӯи чормағзи бурида нигоҳ дошт...

АЛИБОҶ

1 Осмон барои алибоҷFF маънии дигар пайдо карда буд. Ӯ намехост паст парвоз кунад. Ҳар дафъа, ҳамин ки болҳояшро васеъ кушода тирвор боло мепарид, қалбаш пур аз шодию фараҳ мегашт. Ҳини парвоз намехост дигар поён фарояд. Гӯё дилаш аз замину одамон монда буд. Ва ӯ дар осмони нилгун давр зада
– давр зада бо қанотҳои кушодааш синаи осмонро дарида роҳат мекард. Ҳавои софу беолоиш ба тану ҷонаш мисли марҳам кора мекард...
Алибоҷ ҳиҷ ба ёд оварда наметавонист, ки аз кай боз ин кадар хаставу беҳол шудааст. Не, қуввату дармон дорад, аммо рӯйдодҳои охири рӯи замин, ҳаводиси миёни шаху кӯҳпораҳо сахт дилгираш кардааст.
Ё инҷиқу зудранҷ шудааст, ки поён нафуромада соатҳои дароз дар осмон ҳаракат мекунад, бол мезанаду шамолу ҳавои болоро писанд накарда то монда шуданаш истодагарӣ мекунад. Ҳамин ки тамоман аз қувваю мадор монд, як илоҷ карда поён мефарояд. Ҷисми лӯндааш тирвор ба замин омада, баъд яке худашро ба даст мегирад...

Алибоҷ ё чӯҷабарак – парандаи кӯҳистон мебошад. Дар луғатҳо ғеливож низ гӯянд.

пешина
аз 193
навбатӣ