Аз пайи паланг

худашро канор гирифта аз беморӣ шикоят мекард, ҳоло девонавор ба болои сангҳо, миёнаи кӯҳпораҳо мебаромад. Ёфтани хазинаи бобоӣ, тилову танга кайҳо ӯро мутеи худ карда буд. Ӯ ҳатто ба панҷаҳои кафидаю хуншор, либосҳои даридааш аҳамият намедод.
– Ҳой, Азизбой, биё, мон ҳамун хазинаатро, аз кофтани бисёра ҳанги дилам канд. Аздусар имрӯз Худо медонад, ки корамон барор гирад.
Азиз ба миёнаҷои санге сар халонда бе он ки ба хамроҳонаш нигоҳ кунад, гуфт:
– Эй ҳафтафаҳм. Ман ҳам гушнаву хаста шудаам. Лекин чӣ илоҷ, ёфтан даркор. Ҳис мекунам, ки камтари дигар кобем, албатта тиловориро пайдо мекунем, албатта, дилам ба ин гувоҳӣ медиҳад, мефаҳмӣ...
– Эй Азизбой, Раҳим рост мегӯяд, биё, аз ин макони наҳс равем, рӯз бегоҳ шуда истодааст. Боз рӯзи Худо бисёр аст, пагоҳ ҷустуҷӯйро давом медиҳем ё...
Вале Азизбой дигар давоми сухани ҳамроҳонашро намешунид, балки ҳарфҳои онҳо ба гӯшаш намедаромад. Ӯ чун мори захмин ба чор тараф хазида, атрофро, паси ҳар кӯҳпораю сангро мепалмосид.
... Алибоҷ ҳайрон буд, ки чаро ин одам саг барин паси ҳар сангро бӯй мекашад. Мехазад, чорғовак дохили чуқуриҳо шуда беист хокпораҳоро тагурӯ мекунаду зери лаб чиҳое гуфта боз корашро давом медиҳад. Агар ҳозир ин ҳодиса ба амал намеомад, шояд шабро дар ҳамин ғор рӯз мекарданд. Вале кори шудагӣ шуд. Ин ҳодисаи ба қавли онҳо хурсандиовар чунон тез ба амал омад, ки қариб буд, Азизбой девонаю дилкаф шавад…
Ӯ тиловориро аз зери сангу хок бароварда, дар банди ҷигараш зер карду овоз набаровард. Не, ӯ натарсид, наҳаросид, балки худ ба худ зунукаш гирифт. Азизбой, ки дар гапзанӣ усто буд, акнун қудрати ҳарферо ба забон овардан надошт. Гунг, моту мабҳут шуда буд. Мисли кундаи ҷувоз, мисли ҳайкали шахшудаи бенуре тангаҳои тилоро бо тааҷҷуб, ҳайрат зери дандон мекард, ба асл буданашон бовар карда, баъд бо панҷаҳои ларзонаш палмосида-палмосида зери бағал мезад.
Аввал як-як онҳоро шумурд. Бовар ҳосил кард, ки акнун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё