Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

оилаашон ба ин мавзеъҳо меомаданд, муваққатан хайма зада, атрофро, бахусус чашмаҳоро, тозаю обод нигоҳ медоштанд.
Зоғи кӯҳӣ аз баландиҳо як ба чашмаҳои хушкидаву дарахтони шикаста нигоҳ карду дилаш таҳ кашид. Харобии табиатро нишони бадбахтӣ ва гушнагии худ донист. Акнун зоғи кӯҳӣ умедашро аз зиндагӣ тамоман канда буд. Гушнагӣ, пирӣ, қуввату дармонашро ботамом хушк мекард.
Зоғи кӯҳӣ аз куҷо медонист, ки ӯ охирин парандаи ин мавзеъ аст. Аз авлоди вай дигар ҷонзоте намондааст. Хост ба деҳае, ки дар шафати кӯҳсор аст, парвоз кунаду ризқу рӯзиашро ҷӯё шавад. Аммо боз тарсид.
Пеши назараш бачаҳои деҳа, мардум омаданд. Охир, одамони деҳот ӯро «зоғи наҳс» гӯён сангборон хоҳанд кард.
«– Чаро онҳо маро бо зоғи одӣ дар як поя мегузоранд? Оё онҳо маро фарқ намекунанд?»
Зоғ бо ин андешаҳо ба чунин қарор омад, ки аз дасти одамизод дида дар қӯҳистон, дар ин макони хомӯш мурдан сад бор авлотар аст!
Зоғи кӯҳӣ аз фарози теппа поён шуда, дар шохи дарахти пире, ки танҳо кундааш монда буду халос, нишаст. Шоху панҷаҳои шикастаи дарахт дар замин паҳну парешон мехобиданд. Зоғ болои дарахт хеле нишаставу дам гирифт. Ин дам яке чашмаш ба мурдаи гурге афтид, мурдаи пӯсидаро зуд шинохт. Бале, ин ҳамон гурге буд, ки як вақтҳо ба ҷони гӯсфандон қасд мекард. Ҳоло бо шиками даридаю пои шикаста мехобид. Зоғ дигар поён фаромада хеле ба лошаи гурги шинос чашм давонд. Бӯи бади лошаи гурги пирро ҳис карду дилаш заъф намуд. Хеле ором истод, намедонист чӣ кор кунад.
Аммо оқибат ба тақдир тан дода, ба ҷасади пӯсидаи гурги пир нӯл задан гирифт. Зоғи кӯҳӣ гӯшти гандидаи гургро базӯр фурӯ мебурд…

МЕҲРИ МОДАРӢ

Ҳамид имрӯз дар мактаб андешаманду парешон менамуд.
Бисёр мехост, ки худашро ба даст гираду ором шавад, аммо наметавонист: майнааш, дасту пояш ба ӯ итоат намекарданд.

пешина
аз 193
навбатӣ