Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

пару бол мезанад. Лаҳзае дар осмони тира муаллақ мемонад, баъд бо ҳасрат фарёд мезанад: «Чок-чок! Чок-чок!»
Дар назараш атроф хомӯшу сард ва ваҳмангезу дардолуд метобад. Чокак боз гирду гӯшаашро давр зада, аз болои гӯристон гузашта, як-як ба қабрҳои кӯҳнаву нав, талу хоктӯдаҳои ба ҳам фурӯрафта менигараду дилаш ба ҳоли одамизод месӯзад. Охир, инсон дар гӯри торик ҳам осоише надорад. Чаро?!
«Чок-чок! Чок-чок!!!»
Аз ин андеша раъшае дар бадани ӯ пайдо мешавад. Лаҳзае аз парвоз бозмемонад. Ҳайрон мешавад, ки чаро ӯ ғами одамизодро мехӯрад? Охир, вай танҳо як парандаи одӣ аст! Боз парандаи назарногиру хурд, бечорае, ки ба ёди касе намерасад!
Ин дам магар аз андешаҳои худ дилсард шуд, ки як-ду бол кушод, хост роҳашро идома диҳад. Аммо яке нигоҳаш ба хами қабристон афтид.
Дар гӯристони сокит танҳо боди шабгард мисли саги дайду зӯза мекашид. Ин садои ваҳмангез ба чокак намефорид, балки аз кадом як хабари шум гувоҳӣ медод. Дар ин дам чокак якбора ҷонсарак шуд. Ёдаш ба мори бадҳайбати дарозе, ки вақтҳои охир дар гӯристон менамуд, банд шуд. Он рӯз чокак аз лаби сой, аз обхӯрӣ бармегашт. Мор бе ҳеҷ тарс бепарво мехазид, аз чизе намеҳаросид. Намоишкорона аз болои гӯрҳои фурӯрафта гарданашро ёзонда, бадвоҳима фашшос мезад.
Чокакро аз тарс дам ба дарун мезад. Нағз медонист, ки мор ҷӯёи қабри нав, мурдаи нав асту дилаш гӯшти одамӣ мехоҳад...
Ин дам дар ин макон – водии хомӯшон, ки касе қудрати шикастани оромиро надошт, фарёди таҳлукаомези чокак баланд шуд:
«Чок-чок! Чок-чок!»
«Ана, тақдири одамизод, ёбу гир, – фикр кард чокак. – На ба қадри мурдаҳош мерасаду на ба қадри зиндаҳош. То мурданаш азоб мекашад, хорӣ мебинад. Кош, боз умри дароз бинад!
Худашро барвақт обу адо, пир мекунад ва аз дунё оқибат ду даст тори сар меравад...

пешина
аз 193
навбатӣ