Аз пайи паланг

Чокак боз ба фиғон омад, ҷигараш месӯхт, дар ҳасрати об дар шитоб буд. Садояш боз баландтар мешуд.
«Чок-чок! Чок-чок!»
Ин дам гӯрбони маланги гӯристонро дид, ки аз дур калавида-калавида меомад. Боз аз даҳонаш ҳамон бӯи бади шиносе ба атроф паҳн мешуд. Чокак ҳайрон буд, ки чаро ҳама шаб аз даҳони ин марди, ба қавле, худотарс фақат ҳамин бӯй меояд?!
Охир, рӯзи дароз магар ӯ набуд, ки дар остонаи қабристон нишаста дуо мехонд. Дар ҳаққи гузаштагон ва арвоҳи онҳо:
ғарибон, шаҳидон, бекасон, ятимон, бечорагон...
Чун фотиҳаашро ба охир мерасонид, дуру дароз даст ба рӯй кашида, бо умед ба атроф менигаристу аз садақаҳо доман пур мекард. Вале ҳамин ки шаб даромад, яке ҷон мегирифт ва ҳамаро фаромӯш карда, нишеб мешуд.
Чокак танҳо номаълум рафтанашро медиду баъд замоне чун соя калавида-калавида пас гашта омаданашро. Акнун ӯ дар дили шабҳо ба ҷои дуою фотиҳа масту махмур зери лаб сурудеро замзама мекард. Боз ҳамон бӯи бад аз даҳонаш меомад.
Чокак ҳайрон мешуд, ки ин чӣ бӯест?! Ғашаш меомаду нафраташ. Оҳиста аз ӯ дур мешуд...
«Чок-чок! Чок-чок!» – нола мекунад Чокак.
Чирчиракҳо ҷӯр мешаванд ва зери ин садоҳо гӯрбонро дар паҳлӯдарии дарвозаи гӯристон хоб мебарад...
Наздики гӯристон фарёду фиғон баланд мешуд. Ин дафъа одамони бисёре тобути ҷавонеро рӯ-рӯи даст мебурданд. Падари ноком пеш-пеши тобут фиғон мекашид, зор-зор нола мекард: «Маро танҳо нагузор, маро бо худ ба гӯр бубар, писарам...!»
Ҳине ки ба болои қабри ҷавон хок мекашиданд, дасту пои падар ноаён меларзид. Ӯ мушти хокро болои гӯрпуштаи ҷигарбандаш партофта оҳи ҷигарсӯз мекашид. Гӯрбон аз ин манзараи мудҳиш чашм намеканд. Вақте мардум аз гӯристон дур мешуданд, соҳиби мурда дар даҳани дарвоза бо ӯ вохӯрда, хомӯш ба кафи дасташ як қабза пул дода, гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё