Аз пайи паланг

Ҷавони олуфтае занҷири гардани сагро дурусттар нишонда, таъриф кард, ки онҳоро аз хориҷа ба пули калон харида овардааст.
– Эй бача, сагҳо чанд пулӣ, биё савдо кунем.
Соҳиби сагҳо издиҳоми одамон, тамошобинонро дида шерак шуд.
– Ака ҳардуяш 500 доллар.
– Не, ба ман яктоаш лозим. Як нархи муайян гап зан, набошад, дигар ҷо равем.
– Хайр, биё 200 доллар деҳ. О, аз ин саг зарар намебинӣ.
Зӯриву боқувватиша намегӯӣ.
Ҷавони беғаму парво пулро дода, бепарвоёна сагро ба мошинаш савор карда, дар як лаҳза нопадид гашт...
Мӯйсафед аз тӯдаи одамон, ки акнун титу парешон мешуданд, нигоҳашро гурезонда лолу ҳайрон монд. Ба шигифт омад, хост чизе гӯяд, ки забонаш гирифт, ҳалқаш қоқ шуд. Дигар қудрати сухангӯӣ надошт. То дер дар дилаш ба кору кирдори одамӣ лаънат мехонду халос.
– О, наход саги зоти хориҷиро дусад доллар харанду ана ин саги чӯпонии ман бесоҳиб монад, ҳа. Наход барояш ақаллан 30 сомонӣ надиҳанд... Ин дам яке чашми мӯйсафед ба ҷавонмарди миёнаумре, ки болои сараш рост истода ӯву сагашро хаёле кайҳо назора мекард, афтод. Мӯйсафед ба ҳолати ногувор монда дилаш таҳ кашид, пай бурд, ки нигоҳи ҷавонмард бомақсаду кунҷковона ва ҳатто андаке дилсӯзона метобад.
– Мӯйсафед, ин сагро мефурӯшӣ, ҳа...
– Бале бачам. Қадре пул лозим шуд, пирӣ-да, маҷбурам фурӯшам. Набошад аз ин хел ҳайвони боақл одам ҳаргиз ҷудо намешавад...
– Мӯйсафед, асло хафа нашавед, балки росташа гӯед, магар дӯстро фурӯхтан мумкин аст?
Мӯйсафед фаҳмид, ки ҷавонмарди бофаҳм сухани дарундору таҳдор мегӯяд ва гапаш дуруст ҳам ҳаст. Лекин рӯирост тан додан нахост, балки риштаи суханро дигар сӯ кашид.
– Бачам, пирию хартозӣ-да. Дигар ҳавсалаам намондааст.
Илоҷ нест. Як худам танҳо, нафақа дертар мешавад, дар пеш зимистон, боз ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё