Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷавонмард давоми суханашро гӯш накард ва нархи сагро пурсид?
– Чиҳил сомон диҳед, шуд, набошад саги ман ба садҳо ҳазор меарзад.
Ҷавонмард пулро шумурда ба мӯйсафед дод ва ким-чӣ хел беҷуръатона аз банди гардани саг дошт...
Мӯйсафед ҳамоно саги зардашро таъриф мекарду боғаму дард сарашро сила намуда, охирин нигоҳашро аз ҷонвар мегурезонд.
Саги зард аз ҷояш наҷунбид, балки мисле, ки мехкӯб шуда бошад, бо қаҳр ба сохиби бевафояш дида дӯхт...
Ҷонвар намехост асло аз мӯйсафед ҷудо шавал.
Вақте ки ҷавонмард таноби гардани сагро сахттар кашид, саг хез зада худро таги пои соҳибаш партофт, иринҷос зада, нӯлаи бадарде кашид. Ғел зада пойҳои мӯйсафедро лесид. Дар бозори ҳайвонот одами кам монда буд. Боқимонда ҳама ин манзараро мушохида доштанд.
Мӯйсафед таги обу арақ монда сару калобаашро гум кард, пушаймону музтар худашро базӯр нигоҳ дошт, намедонист чӣ кор кунад...
Ин дам гӯё саги зард мегуфт: – Ай мӯйсафеди бевафо. Чаро маро фурӯхтӣ. Наход аз дӯстат ҷудо шавӣ. Охир, ту ҳаргиз миёни одамон дӯсти наздике надоштӣ. Танҳо ғаму ғусса, дарду доғатро ба ман мегуфтӣ-ку... Саги зард ҳаллос зада танобро мекашид, намехост бе соҳибаш аз ин ҷо равад...
Харидор, ҷавонмарди миёнаумр гӯшашро ба карӣ андохта сагро пеш кашид. Саг аз соҳибаш ҷудо шуда акнун бо сад азоб аз қафои ҳамон мард роҳӣ шуд. Мӯйсафед хаёле нав ба худ омада буду оқибати корашро фаҳмид, ки бо ҳайрат аз худ пурсид.
– Магар ман то ин дам дар хоб будам, ҳа, худоё. Ин чӣ рафтори пасте буд, ки ман содир кардам ва дӯсти бовафоямро ҳамин тавр, осонакак фурӯхтам. Саги зардро, ҳайвони доноро, ки ба тило меарзид.
– Ҷавонмард дуртар сагро хеле навозиш карда, яке нохост банди гарданашро кушод.
Саги зард як ҳаллос зада худашро боз ба назди соҳибаш ра-

пешина
аз 193
навбатӣ