Аз пайи паланг

-
Гули наргис Наргис аз гулҳои қадимаи олам ба шумор меравад ва дар саросари Аврупо, Амрико машҳур аст. Дар дунё 40 хел наргис маълум буда, дар Тоҷикистон чанд намудаш сабз мешавад.
Наргис бо омадани баҳор чашм кушода мижгони худро шона мезад. Гирд-гирди гули он гулбаргҳои зебо давра задаанд. Роҳгузаронро ороишу чашмакзаниҳои косагули наргис ба ваҷд овард. Дилдодаҳо бо ҳавас наргисро тамошо карда, онро чун рамзи покии баҳор ситоиш доштанд.
Наргис баъди борони дирӯза тозаву муаттар шуда хумор мешикаст. Ин дам хоргули пире, ки дуртар нав панҷа зада мебаромад, дигар тоқат карда натавонист, аз рашку ҳасад сӯхт.
Хост рафта адаби наргисро диҳад.
Хоргул ҳиҷ бахшида наметавонист густохии наргисро. Чаро ҳама наргисро меситоянду дӯст медоранд?!
Хоргул бо умеди ниқор гирифтан сӯи наргис панҷаашро дароз кард. Ин дам боғбони пир, ки дуртар ҷунбуҷӯл дошту алафҳои хушку бегонаро дарав мекард, досашро давонда хоргулро аз бехаш, решааш ҷудо кард.
Наргиси бехабар ҳамоно чашмони шаҳлояшро бозӣ доронда дар оғӯши баҳор завқ дошт. -
Гули хайрӣ Гули хайрӣ низ аз ҷумлаи гулҳои зебову муаттари диёрамон буда, дар маҳаллаҳои гуногун бо номҳои хайригул, хирӣ ёд мешавад. Гули хайрӣ бо ҳусну таровати хоссаи худ зеби маъракаю боғҳои худрӯй буда, дар илми тиб барои муолиҷа низ истифода мешавад.
Гулҳои ҳариру зебои он дорои панҷтоӣ гулбарг мебошанд.
Дар бораи таърихи пайдоиши гули хайрӣ миёни мардум афсонаҳои зиёде паҳн шудаанд. Дар ривояте омадааст, ки дар замонҳои хеле қадим марди камбағале Хайрӣ ном духтар доштааст, ки ҳусну зебоияш рашки сад чаман будааст. Бойи деҳа ошиқи Хайрӣ шуда, мехоҳад бо роҳи фиребу найранг духтараки соҳибҷамолро ба даст орад.
Хайрӣ аз бахти сиёҳи худ ба шӯр омада, роҳи халосӣ мекофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё