Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оқибат аз давлату дороии бойи деҳа рӯй гардонда барои ишқи покашро наҷот додан Хайрии ноком болои қуллаи кӯҳ мебарояду аз он ҷо худашро ба поён мепартояд.
Шояд ин афсона то ҷое ба ҳақиқат наздик бошад, ки ҳоло бисёр намуди гули хайрӣ танҳо дар баландиҳо мерӯяд...
Ва ҳангоме ки тухму решаи гули хайриро ҷамъоварӣ карда барои муолиҷаи хунпартоӣ истифода мебаранд, боз ҳамон нақли гузашта ба хотир меояд. Хаёле то ҳанӯз Хайрӣ аз баландии қулла ба поён чашм медӯзад, барои бахти баргаштааш хун мепартояд.

  1. Бунафша
    Дидам, ки бунафша дар лаби ҷӯйбор аст,
    Дар гирди бунафша сабзаи бисёр аст.
    Монанди бунафша гул набошад ба ҷаҳон,
    Аслу насаби бунафша аз кӯҳсор аст.

Бунафша дар сари пушта миёни алафҳои сабзи баҳорӣ рӯида, аз таровиши борони саҳарӣ аз хоби ноз хеста, баргу пояаашро ғундошт. Бунафша аз гулу себаргаҳои пушта омадани баҳорро хаёле аз нав эҳсос кард, ки рангаш кабуд шуда мисли арӯсон ба ҷилва даромад...
Ин лаҳзаҳоро чӣ қадар интизорӣ кашид. Моҳҳои сарди замистон зери хок паноҳ бурд. Рӯзҳои барфрезӣ маҷбур дар оғӯши хунукиҳо мисли ғунчае ҳалқа зада хоб кард. Дар ин моҳҳо танҳо ба ёди баҳор мезист.
Инак, баҳор омадааст ва бунафша низ мисли дигар гулҳо шод аст. Ӯ дигар парвои чизе надорад. Ҳарчанд дар ин айём умри кӯтоҳ мебинад, аммо аз бахташ розӣ аст. Худро тасалло медиҳад, ки дар ин фасл зеби кӯҳу даман мегардад.
Боз гули бунафша аз он шукр мегӯяд, ки дар илми тиб чун рустании дорувор мавриди истифода қарор дорад. Дар кӯҳистон баргу поя ва решаи бунафшаро ҷӯшонда обашро барои муолиҷаи бемориҳои сурфа ва дил менӯшанд.

пешина
аз 193