Аз пайи паланг

Ҳини роҳгардӣ ҳис кард, ки ҳанӯз ҳам аз сару рӯяш бӯи хунукӣ меояд.
Ин зимистон чӣ қадар азоб кашид. Барфу боронгарӣ аҳволашро сахт бад карда буд. Гуруснагию танҳоӣ қариб ҳалокаш мекард. Вале нахчири ботаҷриба миёни анбӯҳи барф низ ризқу рӯзияшро пайдо намуд. Бо фукаш барфро бероҳа карда аз таги барф гулу гиёҳҳоро пайдо мекард. Рӯзҳои дароз ба пӯстлох ё решаи ниҳоле қаноат менамуд.
Нахчири шалпару лакот ба илоҷе, дар поёнтари ёна ҷои гарм пайдо кард. Аз мавзеи ёфтааш хушаш омад. Чор тараф сабзу хуррам метофт. Офтоб низ қади як найза баланд гашта, бадани нозуки ҷонварро хаёле ба оғӯш кашид. Нахчир дароз кашида каллаашро миёни пойҳояш монда роҳат дошт. Осуда нафас мегирифту аз мӯъҷизаи табиат ҳайрон мешуд.
Аҷоиб, болотар хунукӣ, барф, ин ҷо гармӣ, офтоб. Вале дар ин макони хуррам ҷондоре ба назар намерасад. Аз дур гоҳгоҳе овози кабке шунида мешуду халос. Дили Нахчири танҳо ғамгину ошуфта гашт. Замоне ин ҷо макони бузҳои кӯҳӣ, рӯбоҳу шағол ва ғизолон ба шумор мерафт. Он замон Нахчир хушбахт буд. Хаёл мекард, ки то охири умраш бо галаи бузҳои озоду бепарво дар миёни ҳамин хел гулу гиёҳ, сабзаву себарга давутоз карда мегардад...
Нахчир боз хунук хӯрд, дид, ки гармии яклаҳзаина аллакай гузаштааст. Бо дили нохоҳаму қалби реш-реш аз ҷояш нимхез шуд. Мисли пештара шоду мағрур набуд. Эҳа, он замонҳо бо омад-омади баҳор хаёле маст мегашт. Масту хумори табиати дилфиреб ва ёрони бовафояш. Давутоз карда, аз шавқ аз санг ба санге меҷаҳид. Оромӣ надошт. Чунки дар ҳаракату давидан бахташро меёфт. Ҳоло ӯ дигар қудрати давутоз надошт. Каллаи вазнинашро базӯр ҷунбонд, фаҳмид, ки тез пир шудааст.
Пашми рехта, як шохи шикаста ва захмҳои ҷо-ҷои бадани нахчир аз он гувоҳӣ медоданд, ки вай замоне чусту чолок, нотарс будааст. Ҳамаи саргузашташро нахчир дар ёд дошт. Агар забон медошт, чӣ нақлҳои талху ширине мекард. Аз рӯзгори бузҳои кӯҳӣ, оқибат нестшавии онҳо, шикори бераҳмонаи одамон нақл мекард. Магар инсонҳо ба нақлу ҳикояҳои вай бовар мекарданд, асло не!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё