Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аст, ҳамроҳи бачаҳош бемалол сайругашт дорад. Рубоҳ чунон зебо роҳ мегардад, ки ҳаваси кас меояд. Ҳамон вақт низ беихтиёр афсонаи халқии «Рӯбоҳи ҳилагар» ба хотирам расиду ҳайрон шудам. Ҳис накардам, ки чӣ гуна шикорчӣ рӯбоҳро ба нишон гирифт.
Танҳо, даме ки садои тир ба атроф ғулғула андохта, хомӯширо халалдор намуд, ба худ омадам. Шикорчӣ хурсандона аз ҷояш хеста, пеш давид. Дидам, ки рӯбоҳ дар хун ғарқ шуда печутоб мехӯрд. Мехост фарзандонашро наҷот диҳад. Хун ҳамоно аз бари гарданаш ҷорӣ буд. Дӯсти шикорчиям маро низ ба онҳо наздик мебурд. Рӯбоҳбачаҳо бо гиряву нола модарро бӯй кашида, ночор рӯ ба гурез ниҳоданд.
Ҳангоме ки ба назди рӯбоҳи захмин расидем, манзараи мудҳише ошкор шуд. Рӯбоҳ дар хуни худаш тапида, тоб мехӯрд, фукашро ба замин зада, нияти хестан мекард. Шикорчии беинсоф яку якбора бо камони дасташ ба фарқи сари рӯбоҳ кӯфта нидо кард:
– Бин ин лаънатиро, чӣ хел фиребгару айёр аст. Агар ҳозир накушемаш, боз гурехтанаш мумкин.
Ин лаҳза ҳис кардам, ки на рӯбоҳи захмини дар хоку хун ҷӯлида, балки шикорчии беинсоф ҳилагар будааст. Ҳилаи шикорчӣ ҳазору як маъно дошт, маълум набуд, ки рӯбоҳро барои пӯсташ шикор кардааст ё барои овозаю дарвозааш.
Шикорчӣ хунсардона чашм ба манзараи ғуссабарангези ҷонкании рӯбоҳ дӯхта, зери лаб батакрор мегуфт: «Оҳ, рӯбоҳи ҳилагар-е!»

6ВН А Х Ч И Р

Баъди зимистони сербарф ҳаво кам-кам мӯътадил мегашт.
Дар миёни талу шахҳои дара алафҳои худрӯй сар кашида, обҳои нуқрафоми чашмаҳо якмаром ҷорӣ буданд. Нахчир ба ягон-ягон қуллаҳои барфпӯш нигоҳкунон аз дил гузаронд, ки ҳоло ҳам хунукӣ ҳукмфармоӣ дорад. Нахчир аз хавфи сармо торафт поёнтар хамбида, мехост дар як ҷои офтобрас дам гирад ва тану ҷонашро гармӣ бахшад.

пешина
аз 193
навбатӣ