Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дид, ки одамон барои як лаҳзаи кайфу сафо ҳаргиз ба мавҷудоти зинда раҳму шафқат надоштаанд. Одамон солҳост, ки ин маконро ғорату хароб мекунанд. Аз дасти онҳо дар ин мавзеъ дигар на паранда мондаасту на чаранда. Насли галаи бузҳои кӯҳӣ тамоман нест шудааст...
Акнун аз авлоди бузҳои кӯҳӣ ҳамин нахчир мондаасту халос. Бо омадани баҳори нозанин ҳар сол ин ҷо одамон боз пайдо мешаванд, гову мол бонӣ карда, гармиҳои тобистонро ҳамин ҷо мегузаронанд. Аз саҳар то дами бегоҳӣ аз дохили хаймаҳо танҳо садои мусиқӣ, фарёду фиғон ба гӯшаш мерасад.
Онҳо худро шоҳи табиат дониста, дигар мавҷудот, парандаю хазандаро назарашон намегирад, андешид Нахчир...
Хайрият, баъди гузаштани ҳар баҳор ягон одам дар ин макон намемонад. Нахчир худ ба худ суол медиҳад, ки чаро одамон маҳз баҳор ба ин минтақа меоянду халос. Ин давра аз кӯҳистон чукрӣ, торону алафҳои доругӣ ҷамъ карда, хуб шикор мекунанд. Ҳамин ки фасли зебои сол гузашт, дигар моҳҳои дароз, айёми хунукиҳо касе ба ин ҷо пою қадамашро намегузорад.
– Чаро зимистон одамон кӯҳистонро фаромӯш месозанд?
Ин давра кӯҳҳои барфпӯш зебоянд-ку. Шояд одам тоқати хунукӣ надошта бошад, – меандешид Нахчир...
Нахчир хиҷилу дардманд ноилоҷ каме равуо намуда, боз ба хаймаи шинос назар кард. Чашмаш нохост ба туфанги думилаи овезони паҳлӯдарии хайма афтод. Аз дидани камон пашми бадани нахчир хест ва ноаён ларзид. Чӣ будани туфангро надонад ҳам, борҳо мушоҳида кардааст, ба чашмони худ дидааст, ки маҳз ҳамин чиз, садои ногаҳонии вай даҳҳо ёронашро аз пой афтонида, оғӯштаи хоку хун намудааст. Он вақтҳо туфанг доим дар дасти даҳмардаи сурхинарӯй буд. Даҳмарда ба галаи бузу гӯсфандони хоҷагӣ кам эътибор дода, доим аз пайи шикори бузҳои кӯҳӣ мегашт.
Ҳамин ки чӯпони калтариши сурхина бо туфанги сари китфаш овезон дар қади дара пайдо мешуд, бузҳо аз тарси ҷон ба чор тараф фирор мекарданд. Аз ин гурезогурези ҷонварони рамида даҳмардаи беғам завқу ҳаловат бурда, онҳоро як-як ба нишон мегирифт. Дар ин паропар, албатта ду-се бузи кӯҳӣ

пешина
аз 193
навбатӣ