Аз пайи паланг

ҳалок мешуд. Даҳмарда бо ин ҳам қаноат накарда, боз аз пайи таъқиби ҳайвонот мешуд. Мисли саги бӯйгир паси ҳар сангу буттаро хабар мегирифт. Аз тарс дигар кабкҳо овоз баланд намекарданд. Ягон ҷонвар ҳаракат надошт, парандагон майли парвоз надоштанд. Онҳо мунтазир буданд, оқибати шикори даҳмардаи сурхинаро.
Бузҳои кӯҳии ташнаи об метарсиданд, ки поён хамбида аз ягона чашмаи ин дара об нӯшанд.
Дар шафати чашма даҳмарда бузҳои сайдкардаашро пӯст меканд. Танҳо баъди ду рӯз, вақте ки даҳмарда ба назди галаи бузу гӯсфандҳои хоҷагӣ баргашт, чонварон барои обнӯшӣ наздик омаданд. Бузи кӯҳӣ ҳини обнӯшӣ дид, ки шумораи ҳамроҳонаш рӯз то рӯз кам шуда истодааст. Гуруснагӣ, шикорҳои пай дар пай ба тухми онҳо қирон меорад...
Бузи кӯҳӣ ҳоло он рӯзҳоро ба хотир оварда намедонад чӣ кор кунад, ба куҷо равад. Ба кӯҳу камар баргаштан бефоида аст. Он ҷо дигар на хӯрок ҳасту на долу дарахт ва на гулу гиёҳ.
Ҳатто аз ягона ҷои обнӯшӣ, чашмаи як вақтҳо нуқрафоми хунук маҳрум шудаанд. Аз дасти шикорчиён ва дому найрангҳои онҳо дар ин гирду гӯша амон нест...
Бузи кӯҳӣ гашташро суст карда ошуфтаю парешон дар миёни талу пуштаҳо хеле давр гашт. Ин дам ҷонвари ҳайронро танҳо як фикр азоб медод.
– Чаро насли моро бузи кӯҳӣ мегӯянду ҳадафи шикор қарор медиҳанд? Охир, бузҳои хонагӣ ҳам аз авлоди мо ҳастанд-ку!
Шояд бо айби одамон онҳо аз ватани аслии худ, кӯҳу камар ҷудо шуда, деҳотӣ шуда бошанд. Галаи бузҳои дар ихтиёри чӯпони калтариш бударо намегӯӣ. Доим дар тарсу ҳаросанд.
Дигар ин бузҳо озодона дар кӯҳистон намегарданд, балки то дами марг дохили оғилу хонаҳои маҳкам азоб мекашанд.
... Ташнагӣ, гуруснагӣ торафт аҳволи ҷонварро ба танг меоварад. Бузи кӯҳӣ ноилоҷ монда буд, вале ғурури рӯҳи озодипарасташ намегузошт, ки маконашро тарк созад. Оқибат ноилоҷ монду бо дили нохоҳам ба поён, ба одамон, дуртар ба галаи бузҳои хоҷагӣ бо ҳасрат нигоҳ кард. Онҷо, миёни марғзори сералаф бузҳо бепарвоёна мечариданд. Даҳмардаи калтариш дар ҳавои кушоди пешорӯи хаймааш роҳат дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё