Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Калтариш аз ин ҳилаи шогирди наваш хурсанд шуда, давида омад.
– Эй шогирд, тамоман қоил кардӣ. Аз қафои ин бузи лаънатӣ чӣ қадар гаштем, ҳар дафъа халос мехӯрд. Чӣ қадар зираку ҳушёр буд. Дар ин кӯҳу дара ҳамаи бузҳои кӯҳӣ несту нобуд шуданд, танҳо ҳамин таккабуз ҷон ба саломат мебурду халос. Ҳама чизро ҳис мекард, мисли одам боақл буду хубро аз бад фарқ карда метавонист. Дар умрам чунин ҷонвари доноро надидаам, хаёле тир ӯро пайдо намекард. Дунёра бин, ки бо пои худаш давида омад. Акнун кушта мазза карда мехӯрему нисфаша ба раиса мебарем. Охир, гӯшташ доругӣ-ку. Боз шохоша дар хона чун хотира меовезам.
Даҳмардаи калтариш худ ба худ баланд хандида кайф мекард. Дастонаш бозӣ доштанд...
Бузи кӯҳӣ дигар қудрати аз замин хестан надошт. Пойҳои бастааш аҳволашро ба танг меовард. Дилаш бухс мекарду нафасаш мегирифт. Ҳис кард, ки аз умраш дақиқаҳои башумор мондааст.
Ин дам худашро таънаю маломат намуд. Аз бефаҳмияш хорияш омад. Косаи чашмонаш пуроб гаштанд.
Аввалин маротиба аз наздик даҳмардаи сурхинаро дид.
Мушоҳида кард, ки вай мисли ҳайвони ваҳшӣ тӯъмаашро интизор аст. Аз нигоҳи бешармонаи ӯ, ҳаракатҳои айёронаи шогирдаш ҳайрону зор гашт. Охир, чанде пеш чӯпонбача чӣ қадар меҳрубонӣ дошт. Ҳоло чӣ, ҳаросонаву бо фахр корди устодашро тез мекунад, андешид бузи пири кӯҳӣ...
Таккабуз ором шуд. Пеш аз марг ҳатто овоз набаровард.
Охирин маротиба ба атроф нигариста ҳайфаш омад, ки кӯҳистон бе ҳайвонот мемонаду аз ин одамонро парвое нест.
Бузи кӯҳӣ саргарми талвосаи ҷон ҳоло ҳам ба одамизод бовар мекард. Умед дошт, ки одамизод ба ӯ раҳм мекунад. Яке калтариш фуки бузро таги зону карда кордро ба гулӯяш кашид.
Таккабуз хеле почак зада ҷон канд. Даҳмарда корди хунолудро дар танаи пурпашми буз тоза карда, бепарвоёна назди хайма рафт.
Надид, ки таккабуз ҳоло ҳам азоби ҷонканӣ дошт, пойҳояш

пешина
аз 193
навбатӣ