Аз пайи паланг

Гӯсфандҳои ёбоӣ хеле наздик омаданд. Зебову бовиқор ва ҳушёру зиракона қадам мемонданд. Ин гӯшаи дури кӯҳистон ватани аслии онҳост. Гӯсфандон маҳз ҳамин ҷо худро бехавфу хатар ҳис мекунанд. Онҳо ҳаргиз ба деҳот наздик намешаванд.
Чунки аз душмани асосии худ – одамизод сахт ҳарос доранд.
Гӯсфандҳои ёбоӣ ба назар чизеро пай намебурданд ё шояд гуруснагӣ сахт онҳоро ба танг оварда буд, ки бе тарсу бим торафт поёнтар меомаданд. Дар паси санги азим Аҳмади шикорчӣ интизорашон буд. Банди тамошо шуда, нафаҳмидам, ки чӣ хел садои тир баромад. Гӯсфандони ёбоӣ чунин сурат гирифтани вазъиятро интизор набуданд, ки чор тараф парешон гаштанд.
Ҳар кадом худро миёни харсангҳо, тӯдаи барфу нишебиҳои мушкилгузар мезаданд. Андак болотар аз камингоҳ гӯсфанди азиме дасту почак мезад. Аҳмади шикорчӣ бо як дав болои гӯсфанди ёбоӣ расида, мисли девона фарёд зад:
– Ана, бин, чӣ хел сайди зебо, – кордашро бароварда, сари гӯсфандро осонакак аз тан ҷудо кард. Пас сӯи ман нигоҳ карда,
– Рафта халтаю бандро биёр! – гуфт.
Дар андак вақт гӯсфандро ба халта ҷой намуда, ба пуштора гирифт ва каллаи беҷони шохдорашро ба дасти ман дод. Яқин, маро хунукӣ сахт таъсир кардааст, ки дасту пои сардгаштаамро фаромӯш кардам. Шохҳои гӯсфанд аз дастам канда шуда, калла рӯи барф афтид. Ҳайрону ошуфта мондам. Дар рӯи барф каллаи гӯсфанд, шохҳои зебояшро дидам, чашмони хунгирифтаи гӯсфанди ёбоӣ маро гӯё мепесонд. Аҳмади шикорчӣ вазъиятамро пай бурд магар, ки аз баҳри каллаи гӯсфанд гузашта, маро садо кард, ки аз қафояш равам. Тундбоду барф ба сару рӯ мезад ва ҳуштаккашон овоз мебаровард. Маро андешаи гӯсфандон ором намегузошт. Хаёлам, ҳоло ҳам онҳо барфро титу пареш карда, ғизо мекобанд. Гуруснаанд, аммо аз тарс дигар поён фаромаданӣ нестанд...
Аз ин воқеа чанд сол гузашт, намедонам. Дигар бо гӯсфанди ёбоӣ дучор нашудам. Танҳо ҳар гоҳе ки дар ягон китоб расми гӯсфанди ёбоиро бинам, он ҳодиса ба ёдам мерасад.
Боз гӯсфандҳои сарсонро миёни тӯдаи барф мебинам, онҳо ҳамоно гуруснаанд. Қадре дуртар каллаи беҷони гӯсфанд метобад, ки бо нигоҳаш шикорчиро мепесонад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё