Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хонагӣ хеле монанд. Мисли гӯсфанди хонагӣ баос зада, хеле тез медавад. Ҳаёт дар кӯҳу камар онро зираку ҳушёр кардааст.
Гӯсфанди ёбоӣ шохҳои печдарпечи зебо дошта, дар баландкӯҳҳо мегардад. Танҳо айёми хунукиҳо баъзан поёнтар мефарояд, гӯшташ бомазза, доруи тайёр. Барои гӯшташ шикораш мекунанд. Ҳозир, ҷӯра, дар диёри мо хеле кам мондааст, ангуштшумор...
– Наход, ҳамин хел ҷонвари нодирро нест кунанд-а? Биё, аз баҳри шикораш бароем. Гашта қишлоқ равем беҳтар, – гуфтам бо зорӣ.
Аҳмад хандаи хунуке намуда маккорона гуфт:
– Ҷӯра, ин касби мо аз бобоҳоямон мондагӣ. Ваъда кардаам, ки ин дафъа бо гӯсфанди ёбоӣ бармегардам. Агар дасти холӣ равам, шармандагӣ, таънасори дӯстонам мешавам, мефаҳмӣ?
– Биё, аз баҳри шикор бароем. Аздусар ин ҷо гӯсфанди ёбоӣ нест. Агар бошад ҳам, мон, зиндагӣ кунад. Охир, онҳо чӣ гуноҳ доранд, ки...
– Гӯш кун, биё насиҳат накун, нодир, яктоанд... Ин гапҳо ба кӣ лозим? Шикор мекунем, гӯшташро, ҳатто шохҳояшро мехаранд. Зиндагӣ-да, хафа нашав. Онҳоро як умр шикор мекунанд-ку. Боз дар ин замона, ҳатто ман дидам, ки бо автомат онҳоро қир мекарданд. Ҳозир чӣ?! Мо яктоашро сайд кунем, бас... Баъд Аҳмади шикорчӣ ҳеҷ гоҳ аз шикор дасти холӣ барнагаштааст, фаҳмидӣ?
Дидам, ки ба ӯ ҳеҷ гап таъсир намекунад, ноилоҷ хомӯш мондам. Шикорчӣ милтиқашро омода намуда, корди дудамаашро ба миёнаш баст. Бо эҳтиёт атрофро синчакорона назорат менамуд. Пас аз чанде оҳиста нидо кард:
– Ана, бин, гуфти ман шуд.
Бинам, чанд гӯсфанди ёбоӣ оҳиста-оҳиста майли поён хамбидан дорад. Аз шохҳои печдарпечашон маълум буд, ки гӯсфандони ёбоиянд, пеш-пешашон ду-се қӯчқор бепарво меомаданд. Онҳо гоҳ-гоҳ истода барфро бо дасту пой ва фукашон титу парешон карда, решаи ягон рустанӣ ё гулу гиёҳеро кофта мехӯрданд. Аҳмади шикорчӣ фаҳмонд, ки онҳо гурусна монда, дар ҷустуҷӯи хӯрок саргардонанд. Акнун ягона умедашон поёнтари пуштакӯҳ ва алафҳои таги барф монда.

пешина
аз 193
навбатӣ