Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Офтоби саҳарӣ нурпошӣ дошт. Нурҳои зарҳалин ба тану ҷони кампир ҳаловат мебахшиданд. Ӯ дар ҳота худро ба коре андармон карданӣ шуда, мекӯшид, ки садои кордзании Саидро нашунавад. Вале магар нашунида метавонист, дар он ҷо, дар назди оғил шиками нозуки гӯсоларо медӯхтанд.
... Пойҳои кампир ба ӯ итоат намекарданд. Сараш вазнин, гумон мекард, ки сатили пуробе болои сар дорад. Гӯё гуноҳи азиме карда бошад, ки ба чашмони модагов нигоҳ карда наметавонист. Маро бубахш, мегуфт дар дил ба гов, охир, ту ҳам мисли ман модарӣ ва ба умед таваллуд мекунӣ. Аммо чӣ илоҷ?
Модагов гӯё суханони ӯро мешунид ва маъқул меёфт, ки калла ҷунбонда, маос мезад. Кампир говро ба оғил дароварда, шохбандашро кушод. Модагов чизеро пайхас кардагӣ барин аз ҷояш намеҷунбид. Шояд «гӯсола»-и рӯ ба рӯяш рост истодаро дида буд, ки чашмонаш беҷо шуданд. Вай сарашро ёзонда, як ба хӯса нигаристу баъд ба рӯи кампир. Кампир сатил дар даст хомӯшона ба нуқтаи номаълуме чашм медӯхт. Вай гумон бурд, ки гов хӯсаро аз гӯсола фарқ карда натавонист ва нишаст, ки онро ҷӯшад. Модагов ӯро фаҳмид, хӯсаро бӯй кашид ва лесидан гирифт.

САГИ КӮР

Саги пир фукашро болои пойҳояш монда, базӯр гуруснагиашро пинҳон медошт. Шиками холӣ ҳолашро табоҳ карда буд.
Аз дирӯз боз ба даҳон об нагирифтааст. Эҳа, ин ба гуфтан осон. Дардашро худаш медонисту Худо. Мор барин ба худ печида лӯнда шуд. Чашмони обраваш пури об шуданд. Баробари саг соҳибаш – мӯйсафеди ҳафтодсола ҷои нишаст намеёфт.
Ҷунайди пир, ки як вақтҳо бақуввату бардам буду баъзеҳоро назараш намегирифт, ҳоло рӯҳафтодаю хиҷил намуда, сари калобаашро гум кардааст. Мӯйсафеди ҳайрону зор аз саги пираш чашм намеканд, ҷонвари безабонро ба таври худ дилбардорӣ мекард.
... Дили мӯйсафед ҳеҷ ором намегирифт. Ноилоҷ чӣ фикре ба сараш заду зуд аз дар берун шуд. Ӯ оҳиста-оҳиста ба

пешина
аз 193
навбатӣ