Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ахлотҷои сари кӯча наздик шуд. Фақат ҳамсояҳо набинанд шуд, аз дил гузаронд мӯйсафед. Ба бахташ дар ин дами рӯз кӯча холӣ буд. Бобои Ҷунайд аввал бо дили ноҳоҳам, балки ҳаросида ё шарм карда, болои ахлотҷойро такурӯ карду чизе пайдо накард. Хост баргардад, ки боз ҳоли бади сагаш ба хотираш расиду ноилоҷ чуқуртар рафтан гирифт. Акнун ӯ парвои шарму ҳаё, ё бӯи бади ахлотҳоро надошт. Ба ҳама чиз розӣ буд. Танҳо бо дасти холӣ барнагардад. Оқибат пораи устухони гӯштдореро пайдо карду хурсандона чапасар ба хона баргашт. Саги пир пораи устухонро ба ҳавас мехоид. Оби даҳонаш мерафт. Саг устухонро лесида аволаашро фурӯ мебурд. Боз аз нав қуввату мадор гирифт. Яке чашмаш ба мӯйсафед афтод, базӯр дид, ки соҳибаш ҳар як ҳаракати ӯро мушоҳида дорад. Ҷонвари рамузфаҳм аз феълу атвори соҳибаш хуб огоҳ буд. Саг мақсади мӯйсафедро бо як нигоҳ пай мебурд. Ҳоло ӯро хафаву малул дида, аз ҷояш хест. Ин тарафу он тараф давида, ба соҳибаш фаҳмондан мехост, ки ҳоло вай қуввату ғайрат дорад.
Бобои Ҷунайд ба даву пари сагаш зеҳн монда, шод гашт, хурсанд шуд, ки ягона дӯсти ғамбарору пуштибон ва нигоҳбонаш сиҳату саломат мебошад...
– Эҳ, пирсаги нодон-е. Ту ҳам аз гуруснагӣ мисли одам азоб мекашӣ. Гуруснагӣ барои ҳама, чи инсону чи ҷондор мушкил будааст, – андешид бобои Ҷунайд. – Мана, шикамат ки сер шуд, ба по хестӣ, акнун даву тоз дорӣ. То луқмаи дигар ёфтана парвои олам надорӣ. Чунки ту мисли одам фикр намекунӣ.
Фақат хӯрдану гаштана медониву халос, чунки саги бефаҳмӣ.
Саги пир аз ин гапҳои мӯйсафед чизеро пай бурд, ки вингвингкунон аз ӯ дур шуд.
Мӯйсафедро ин дафъа ҳам оромӣ, фаҳмиши саги дӯстдоштааш қоил кард.
– Ина бинед-е, ӯ ҳама чизро мефаҳмад, ақли сагонааш ҳоло ҳам кор мекунад. Ин манам, ки ақламро хӯрдааму сагро лаънат мекунам. Худи мани мӯйсафеди аблаҳ ба хешону наздикон, дӯстонам то охир вафодорӣ нанамудааму боз аз ин саги пир гила дорам. Ҳатто солҳои охир ягон бор бо номаш ӯро ҷеғ намезанам. Охир, ӯ пирсаг не, балки як вақтҳо Ҷасур ном дошт

пешина
аз 193
навбатӣ