Аз пайи паланг

Саги пири кӯр нидои имдодталабонае карда, якпаҳлӯ афтид... Аз ин даҳшат одамони тамошобинро парвое набуд.
Ҳатто, надонистанд, ки саги пир кӯр асту дардманд. Лаҳзаҳои ҷонканӣ саги кӯр боз саргузашташро пеши назар овард, ба умри бабодрафтааш лаънат хонд.
Хост аз ҷой хезад, натавонист ва охирин маротиба зӯза кашиду ҷон дод. Фарёдаш аз нотавонӣ набуд, балки аз дунёи бевафо, номардии инсонҳо буд.
Роҳгузарон, соҳиби саги хориҷӣ аз ин нӯлаи бадарди саги пир чизеро нафаҳмиданд. Гумонашон, як саги бесоҳиб, ҳамин тавр, баъди зарб хӯрдан одиякак дар сари кӯча ҷон додааст...
В О Л А
Дами ҳаво гирифта буд. Вола ҳамоно гирди хона чарх мезад. Акнун дигар ӯ саги ҷавону бақуввати пештара нест.
Эҳ, кӣ он рӯзҳоро дар хотир дорад-а, – аз дил гузаронд Вола. Он айёми ширини зиндагӣ чӣ қадар тез гузашт. Шояд даву тоз ва корҳои неки мани ҳайвони безабон фаромӯш гаштааст.
Не, ҳамаи он лаҳзаҳоро соҳибам хуб дар ёд дорад. Аз рӯзи дар ин ҳавлӣ чашм кушоданам танҳо ин марди меҳрубону дилсӯзро дидаам. Вола боз ноаён поёнтари ҳавлӣ хамбид. Ин маротибаи садум буд ё зиёдтар, ки як бори дигар ба катаки мурғҳо зеҳн монд. Мурғҳои бепарвою телба байни худ мағал доштанд. Ба инҳо чӣ намерасида бошад. Наход, шиками серу вақти хуш писандашон набошад-а?!
Вола хеле ба хоначаи танги мурғон нигоҳ карду яке ғаму андӯҳ ва яъсу ноумедӣ қалбашро фишурд. Фаҳмид, ки ба ин ҷонваракон озодӣ намерасад. Баъди соате, ҳамин ки соҳиби хона онҳоро ба берун сар дод, шодию хурсандии мурғакон меафзояд. Чор тараф давида, дону об мехӯранд. Дигар онҳо ташвише надоранд. Аммо ман чӣ? Магар саг хоҳ пир бошад, хоҳ ҷавон лаҳзаҳаке бекор мемонад? Албатта, не! Чунки барои саг ҳамеша шуғле пайдо мешавад. Посбонӣ мекунад. Намегузорад, ки пои одами бегонае ба хонаву дари соҳибаш расад. Пою қадами одами бадро аз ҳавлӣ ба қавле мерӯбад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё