Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Волаи пир хеле гаштугузор кард. Аммо сайругашт нафоридаш. Пирӣ ба ҷону тани вай ҳам кора кардааст. Худашро ба гунае вазнину танбал ҳис мекунад. Гоҳ-гоҳе пирӣ тазйиқаш дода, ҷонаш дард мекунад. Аммо ғурури сагона ва меҳру муҳаббат нисбат ба соҳибаш барояш аз ҳама болост.
Хаёлаш, ӯ барои хизмат, барои инсон офарида шудааст. Ва фикр мекард, ки ҳамаи одамон мисли соҳиби ӯ дили кушоду дардошно доранд. Ҳайвонҳоро дӯст медоранд. Лекин хеле дертар, айёми пирӣ фаҳмид. Дар пириву нотавонӣ хуб ҳис кард, ки одамон ба чӣ қодир будаанд. Ҳине ки ба сагҳои дайду вомехӯрд, амалаш даҳчанд мегашт. Э-ҳа, дар ин замона шумораи ин гуна сагҳои нонталаб чӣ қадар зиёд гаштааст, фикр кард Вола. Мо – сагҳо ба одамон чӣ бадӣ кардаем?
Охир, то дами пирӣ хизмат мекунем. Ҳамин ки умр гузашт, дарзамон сагро аз дар берун мекунанд. Гӯё тақдири минбаъдаи саг ба касе даркор нест. Чаро дами пирӣ саг ба азобу кулфатҳои вазнин дучор мешавад? Ана, барои ҳамин дили бисёр сагон аз одамон тамоман мондааст. Худи Вола дирӯз дар гузари поён бо сагони бесоҳиб дучор омад. Сагҳо зуд Волаи пирро шинохтанд. Гирдаш давр гашта, тани дардмандашро лесиданд. Модасаги шинос нигоҳи харидоронаашро аз Вола намеканд. Чашмони обрав, мижгони сафеду рӯи пурожанг, бадани пурзахму мӯйҳои рехтааш раҳми модасагро овард. Вола ин дам на ба модасаг, балки ба дигар ҳамҷинсонаш таваҷҷӯҳ дошт.
Сагҳои як вақтҳо машҳури ин макон, ки зеби маърака буданд, хору залил гаштаанд. Ана, гирем ин саги зарди гӯшбуридаро. Эҳа, маъракае набуд, ки соҳибаш таърифи ӯро накунад.
Вола нағз дар хотир дорад, ки соҳиби ин саг худашро ҳамнафаси якумрии саг медонист. Байни одамон ваъда дод, ки то охири умраш аз ин гавҳари вафодор ҷудо намешавад. Ба хотири чор танга шуда, ҳамин зарди гӯшбуридаро ҷанг меандохт. Ва доим саг ғолиб меомад. Ҳамин ки сагҳо бо ҳам дарафтода гӯшти бадани якдигарро меканданд, шӯру мағал, фарёди одамони танпарвар ба атроф мепечид. Соҳибони саг нарху навои бозиро, (аҷиб барои одамон сагҷанг хунрезӣ бозӣ

пешина
аз 193
навбатӣ