Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дасаги шиносаш омада, ӯро навозиш кард. Саги мода иринҷос зада дум ликонд. Каллаашро ҷунбонда Волаи пири фартутро рӯи хуш дод. Дигар сагҳо аз пайи устухон шуда, ба онҳо аҳамият намедоданд. Модасаг низ аввал бовар накард, нафаҳмид, ки ҳоло ҳам, ҳатто дар дами пирӣ нафси Вола намурдааст. Шаҳвати Волаи пир ҳамоно боло мешуд. Модасаг сабру қарорашро аз даст дода, аз қафои Вола сарнишеб шуд.
Даме ки ба хилватгоҳ, канори боғи холӣ расиданд, Вола ба модасаг ҷафс шуда, баданашро лесид. Навозишу меҳрубониҳои Вола ба модасаг хуш омад. Шӯру ғалаён Воларо фаро гирифт.
Вола акнун фукашро ба бадани ӯ расонда, сагро беист мелесид. Модасаг дар зери панҷаҳои шахшӯли Вола роҳат дошт.
Вола баъди чанд соли охир аввалин маротиба сагвор дӯст дошту шаҳваташро шикаст. Қариб буд, ки роҳи хонаи соҳибашро фаромӯш созад. Як дил кард, ки аз қафои модасаг раваду бо дигар сагҳои дайду ҳамроҳ шавад. Аздусар ӯро низ мисли дигар сагҳо дар дами пирӣ аз хона бароварда пеш мекунанд. Аммо Вола ба соҳибаш сахт бовар дошт. Мефаҳмид, ҳис мекард, ки соҳиби ӯ мисли дигар одамон нест. Ва ӯро меҳри сагонааш ба ҳавлии шинос овард. Дар дами ҳавлӣ ба димоғи Вола, бӯи нону гӯшт, моҳибирён расид. Вола мехост дам гирад, нав акнун фукашро болои зонуҳояш монда хоб рафтанӣ буд, ки овози шиноси соҳибаш баромад:
– Ҳа, Вола, ту дар ҳамин ҷоӣ?
Саги пири фартут чун одат пеши соҳибаш омад. Дар назди пойҳои ӯ ғел зада, фукашро ба попӯши ягона ғамхораш молид.
Мисли инсон нигоҳи миннатдоронаашро ба соҳибаш арзонӣ дошт. Ӯ ҳеҷ намехост, ки соҳибаш аз наздаш дур равад. Мехост зери пои ин ҷавонмарди покдил бимирад. Тайёр буд, барои ӯ ҷон диҳад. Дар дунё буду шудаш ҳамин мардак аст. Вай мисли дигарҳо бераҳм, ҳилагару дурӯя нест.
Вола нағз мефаҳмид, медонист, ки сагҳои мисли ӯ касалманду пирро мекушанд, нест мекунанд ё аз деҳа меронанд.
Вале соҳиби ӯ асло Воларо таҳдид накардааст, наранҷондааст. Ӯро боре озору ғам надода, балки як умр хӯрондааст, бонӣ кардааст, барои ин хел инсон ҷон додан кам аст, аз дил гузаронд Вола. Соҳиби саг аз ҳаракатҳои суст,

пешина
аз 193
навбатӣ