Аз пайи паланг

ҷуссаи пурзахми Вола чашм намеканд. Ӯ баробари саг ба зону нишаста, Воларо дӯстдорӣ кард. Вола кафи дастони соҳибашро ҳис кард. Бӯи хушеро эҳсос намуд. Мехост дастони соҳибашро лесад. Арзи эҳтиром намояд, аммо забони гуфтор надошт. Вола ҳар як имою ишорат, гапҳои соҳибашро мефаҳмид.
– Вола, чаро ин қадар лоғар, заифу нотавон гаштаӣ? Беморият мегузарад. Боз чанд соле, ки дошта бошӣ, дар ин ҳавлӣ зиндагӣ мекунӣ. Ин қадар худатро обу адо накун, азоб надеҳ.
Ҳама махлуқи олам, ҳамин ки таваллуд шуд, рӯзе ин дунёи равшанро тарк мекунад. Қонуни дунё ҳамин аст. Аммо ту ҳоло бақувват ҳастӣ, бепарво бош. Ҳамааш мегузарад.
Соҳиби саг қадре ҳайрон монд. Чаро ман ба Вола ин гапҳоро гуфтам? Бе ин ҳам саги бечора азоб дорад, азоби пирӣ, беморӣ.
Хайр, чӣ илоҷ, одам ки забон дорад, баъзан гапашро фикр накарда мегӯяд. Саг чӣ? Як умр хомӯш аст, танҳо меҷаҳад, медавад. Ҳама чизро ҳис мекунад, ҳатто, аз одам пештар. Баръакси гумони соҳибаш, Вола ҳамаи гапҳои одами ғамбарорашро хуб фаҳмид, ҳатто, каме ҳайрон шуд, ки соҳибаш рамузфаҳм асту аллакай аз пешомади Вола огоҳӣ дорад.
Вола боз фукашро миёни пойҳои соҳибаш бурд. Пою қадамҳои ӯро лесид, гирди соҳибаш парвонавор гашт. Саг мехост ба соҳибаш гӯяд, ки пиҳилам кун! Аммо наметавонист, забони гӯё надошт. Даме ки соҳибаш дохили хона шуда, дарро ба рӯяш пӯшид, косаи чашмони обрави Вола пуроб буданд, ӯ мегирист, худаш намедонист аз шодӣ буд ё марг...
Имрӯз ҳам чун пештара Волаи пир дар саҳни ҳавлӣ танҳо монд. Ҳамаи аҳли хонавода аз пайи ташвиши зиндагӣ буданд ва Вола нағз медонист, ки соҳибаш ба кор рафтааст ва танҳо дами бегоҳ бармегардад.
Вола дар соатҳои танҳоӣ низ ба ёди соҳибаш мебошад.
Хаёле ӯро дар ҳар қадам мебинад. Ана, боз сари Воларо сила дорад. Чӣ қадар гуворо ва нотакроранд ин меҳрубониҳо, аз дил гузаронд Вола. Ҳар гоҳе ки кафи дасти соҳибаш ӯро сила месозад, вуҷуди сагро оромӣ фаро мегирад.
... Нисфи рӯз шуд. Кай меомада бошад, – фикр кард Вола ва ба сӯи дарвоза чашм давонд. Касе наменамуд. Ҳаво табъи ди-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё