Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ӯрам? Ба одамон чӣ шуда бошад, чаро ҷавонҳо, насли имрӯза, ин қадар беғаманд-а, чаро?
Аспи пир боз чанд соати дигар рост истоду тани дардмандаш афгору монда гашт. Мехост боз давад, аз банд раҳо ёбаду роҳи кӯҳу камарро пеш гирад, шиҳа кашад, бо дард фарёд занад, аз дасти фалаки каҷрафтор то ба дуриҳо шикоят барад, аммо дид, ки дар атрофаш касе нест. Муш ҳам рафт, ҳис кард, ки ҳавои хунук бӯи борон дорад. Борони майда сим-сим ба боридан даромад. Вақте ки донаҳои борон ба пушту рӯяш бармехӯрд, ҳис кард, ки ҳанӯз ҷон дораду нафас мекашад.
Ноилоҷ ба замин хобид. Нигоҳи хастааш ин дафъа ба домани хаёлҳош кӯргиреҳ шуд...
Бале, он солҳо аспи пир ном дошт, соҳиб дошт. Бодпо зеби маъракаю давраҳои деҳот буд. Соҳибаш, акаи Файз, посбони пахтазор, шабу рӯз дар майдонҳои кишт мегашт. Бо ягона ҳамрозаш Бодпо тамоми қитъаҳои пахтаро аз як сар хабар мегирифт. Асп маътали ишорати қамчини соҳибаш нагашта, худаш бо пайраҳаи шинос мерафт.
Файз болои зини асп андешаманд гашт. Мехост дар бузкашии ҳафтаи оянда ширкат намояд.
– Ин маърака чӣ хел мегузашта бошад-а –фикр кард ӯ. – Боз муборизаю зиддият, ин човандозҳо аз ҳеҷ бало рӯй наметобанд. Барои буз шуда, аспатро ҳай қамчин мекунанд. Боз Бодпо зери мушту лагад мемонад.
– Не, намеравам, ба хотири ҷонвар, ба хотири рафиқам, болу парам. Барои ман шуда асп дар азоб монад, нобуд шуданаш мумкин. Бе ҳамин бузкашӣ ҳам рӯзам мегузарад. Аз ин андешаҳои соҳибаш асп бехабар бо шавқ роҳ мепаймуд. Файз, ки болои зин буд, Бодпо парвои оламу одам надошт, ҳарорати бадани соҳибашро ҳис мекард, завқ мебурд. Асп аз миёни пахтазор гузашта, пеш мерафт. Ёлҳои мушкрангаш дар ҳавои шамол бозӣ доштанд. Аз кавшаи даҳонаш кафк мерехт.
Дар саргаҳи замини пахта Файз бо обчиҳо вохӯрда, салому алейк намуд, ки яке мавзӯи сӯҳбатро ба маъракаи бузкашӣ бурданд.
– Файз, албатта, бо Бодпоят зеби маърака мешавӣ, ҳа, – забон хоид Наими бригад.

пешина
аз 193
навбатӣ