Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Файз ба қоши зин такя карда, оҳиста гуфт:
– Не, хаёлам, бузкашӣ намеравам, он зиддияту кашмакашҳо ба дилам задааст, охир, баъзе беинсофҳо ба асп раҳм намекунанд. Боз ҳамин Бодпо азоб мекашад.
Наими бригад аз ин гуфтугӯи Файз ҳайрон монду бо тааҷҷуб илова кард:
– Асп – аспи колхоз. Онро ба ту ҳамчун қаровули пахта додаанд. Чор-панҷ сол боз бо вай унс гирифтаӣ.
Акаи Файз аз ин гапҳо каме малул гашта, бо хотири ранҷида гуфт:
– Гап дар ин не, о, ҳайвон ҳам ҷон дорад. Ана, гирем Бодпоро. Вай ҳамаи хубу бадро сарфаҳм меравад. Худо ба ин Бодпо забон надодаасту халос. Убол аст ба ҷонаш ҷабр намудан.
Наими бригад гӯё ба ҳоли Файз дилаш сӯхт на ба асп, ки як табассуми дарундоре намуда, мушханде кард.
– Эй, содае, ҳайвон-ҳайвон аст. Ин қадар худатро барои як асп обу адо накун. Дар бузкашӣ иштирок намо. Ман бригад, супориш. Асп – аспи колхоз, давондан гир-да!
Файз бо аспаш танҳо монд. Ӯ аз болои зин поён фаромада, гардани ҷонварро ба оғӯш кашиду ба гап даромад.
– Маро бубахш, Бодпо! Лозим меояд, ки боз бузкашӣ кунем. Эй шоҳсутуни хонадонам, эй болу парам, Бодпо.
Асп оҳиста пой ба замин кӯфта, нигоҳи роздорашро аз соҳибаш намеканд. Ӯ гӯё гуфтугӯи одамонро фаҳмида буд, ки ҳар замон фукашро ба ҷомаи Файз бурда, бӯй мекашид. Бӯи соҳибаш ба тану ҷонаш ҳаловат мебахшид.
... То майдони бузкашӣ Файз пиёда шуда, Бодпо аз қафо меомад. Мардуми ҷамъшуда ба Файзи пиёда нигоҳ карда, ба шавқ меомаданд. Зеро аз човандозҳо касе аспашро кӯтал карда наовард. Танҳо Файз то дами бузкашӣ пиёда гашт.
– Файз, дилатро бақувват гир, аспат боз ғолиб меояд.
– Рост-да, Бодпо дар ин иқлим яктост.
– Аспи ман ба як хироҷи мамлакат меарзад. Бовар кунед, ин асп ҷони одам аст.
Касе аз миёни тамошобинон нидо кард:
– Акаи Файз, эҳтиёт шавед. Ин маъракаи зӯр, човандозҳои

пешина
аз 193
навбатӣ