Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сулаймон (а), ки фиристодагони малика Билқис ва ҳадяҳои ўро дид, хандиду гуфт:
– Ман аз шумо кай ҳадя хостам. Он чи ман мехостам, ин буд, ки коре кунед, ки шоистаи ҳадя шавад.
Ман намегўям маро ҳадя диҳед,
Балки гуфтам лоиқи ҳадя шавед,
Ки маро аз ғайб нодир ҳадяҳост,
Ки башар онро наёрад низ хост.
Шумоҳо ситораҳое мепарастед, ки хаёл мекунед зар дуруст мекунанд, ҳол он ки бояд касеро, ки ситора меофаринад, бипарастед.
Он гоҳ фиристодагони малика Билқисро бозгардониду гуфт:
–Ман ба зарҳои шумо ҳоҷат надорам. Зарҳои маро ҳам бибаред, ки ба ман лозим нестанд. Он чи ман мехоҳам, рўйи зард аст, ки ба ишқи Худованд ранг бохта бошад. Он дили ошиқ аст. Акнун биравед ва ба маликаи худ ҳар чӣ дидед, бозгўед, то бидонад, ки ман чашм ба молу зар надорам, чун аз Худованд ҳар чӣ бихоҳам, ба ман медиҳад.
Фориғем аз зар, ки мо бас пурфанем,
Хокиёнро сар ба сар заррин кунем.
Дар баробари тавоноии Худованд ягона чизе, ки лозим аст, фармонбарии ў ва ситоиши ўст:
Лек завқи саҷдае пеши Худо Хуштар ояд аз дусад давлат туро.
Пас бинолӣ, ки нахоҳам мулкҳо,
Мулки он саҷда мусаллам кун маро.
Подшоҳони ҷаҳон аз бадрагӣ Бў набурданд аз шароби бандагӣ.
Дороӣ ва мулки шумо моли шумо нест, балки шумо асиру нигоҳбони он ҳастед. Молики аслӣ Худои тавоност.

пешина
аз 298
навбатӣ