МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Мо монанди мурғе ҳастем, ки донаро дида ва домро намебинад. Ин дилбохтагии ў ба дон, ўро ба дом меандозад.
Касе ба гил хўрдан хў карда буд, ба бозор рафт, ки шакар бихарад. Фурўшанда ба ҷойи санги тарозу гили саршў гузошт ва дар пайи шакар рафт. Харидор, ки ошиқи гилхўрӣ буд, то чашми фурўшандаро дур дид, аз он гил дуздиду муштоқона мехўрд ва пеши худ мегуфт:
–Ин гил аз зару шакар ҳам беҳтар аст. Фурўшанда зери чашм дид ва ў ҳам ба худ гуфт:
–Ту хаёл мекунӣ моли маро мехўрӣ ё медуздӣ? Намедонӣ, ки ҳар чӣ бештар бихўрӣ, шакари ту камтар мешавад.
Гар бидуздӣ в-аз гили ман мебарӣ,
Рав, ки ҳам аз паҳлуи худ мех(в)арӣ.
Ман, ки Сулаймонам, фиреби гил ва зарро намехўрам. Шумо биравед ва ба малика Билқис бигўед, ки тахту тоҷро раҳо кунад ва барои имон овардан ба Худои меҳрубон пеши ман биёяд. Даъвати ман аз Билқис барои шаҳват нест. Ман фиристодаи Худовандам ва шаҳваткушам.
Сулаймон (а) забони мурғонро ҳам медонист. Ба ҳар мурғе панде, ки муносиби ў буд, медод. Ў ҳама мурғони Саборо ба сўйи хеш хонд. Билқис ҳам якбора аз шавқу имон саршор шуд. Аз сари подшоҳӣ ва мулку асбоб гузашт ва аз дилу ҷон ба Худованд рўй овард.
Аммо бо ин ки аз ҳар чӣ дошт чашм пўшад, наметавонист тахти худро фаромўш кунад ва аз он дил биканад. Сулаймон (а) рози дили ўро дарёфт ва орзуи ўро донист, ба фикри чора афтод, ки чӣ гуна тахти ўро аз шаҳри Сабо ба пойтахти худ биёварад. Деве, ки ҳозир ба фармон буд, гуфт:
– Агар иҷоза бидиҳӣ, то ту дар ин ҷо нишастаӣ, ман онро меоварам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё