Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тоҷро бар сари худ ба қасд каҷ ниҳоду ҳашт бор ин корро такрор кард ва ҳар бор тоҷ ба ҷойи худ боз мегашт.
Ҳашт бораш рост карду гашт каж,
Гуфт: «Тоҷо! Чист охир? Каж мағаж».
Гуфт: «Агар сад раҳ кунӣ ту рост, ман Каж шавам, чун кажравӣ, эй мўътаман!»
Пас Сулаймон андаруна рост кард,
Дил бар он шаҳват, ки будаш, кард сард Баъд аз он тоҷаш ҳамон дам рост шуд,
Ончунон ки тоҷро мехост, шуд.
Аз он пас Билқис– шаҳбонуи Сабо чашм аз ҳама чиз пўшиду ба Худованди ягона дилашро пайваст.

ДОСТОНИ
ДАРВЕШ ВА ПИРАМАРДИ ҲЕЗУМКАШ

Дарвеше барои шунавандагони худ ҳикоят кард, ки шабе дар хоб гурўҳе аз бузургонро дидам, ки бо Хизр сарукор доштанд. Ба онҳо гуфтам, ки коре кунед, ки ман битавонам бе ранҷу кўшиш рўзии ҳалол ба даст оварам. Онҳо маро ба сўйи кўҳистоне бурданд, ки дар он ҷо дарахтони мева фаровон буд.
Мар маро сўйи кўҳистон ронданд,
Меваҳо з-он беша меафшонданд,
Ки Худо ширин бикард он меваро Дар даҳони ту ба ҳимматҳои мо.

Ба ман гуфтанд, ки аз ин меваҳо ҳар чӣ дилат мехоҳад, бихўр ва ман, ки рўзии ҳалол ёфта будам, ба
хўрдан пардохтам. Хўрдани он меваҳо тавоноии маро
дар сухан гуфтан афзуд, ба тавре ки мардум аз ширинии
суханони ман дар пўсташон намеғунҷиданд. Ман тарсидам, ки таваҷҷуҳи халқ ба ман сабаби фитнаву фиреб бишавад.

пешина
аз 298
навбатӣ