Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Осафи вазири Сулаймон (а), ки ў ҳам имони қавӣ дошту аз мардони Худои меҳрубон буд, гуфт:
–Ба кўмаки Худованд ман онро дар як чашм ба ҳам задан аз Сабо ба ин ҷо хоҳам овард.
Малика Билқис, ки ҳоҷаташ ҳам бароварда шуда буд, барои дидори Сулаймон (а) ва пазириши дини ҳақ озими диёри Сулаймон (а) гардид. Ў дигар ба молу сарват, ҷоҳу ҷалол алоқае надошт. Дилбастагии ў бар тахт монанди шавқу завқи нависанда ба қалам ё ҳунарманд ба лавҳи корӣ буд. Тахт ҳам мўниси Билқис буд ва то расидани ў ба назди Сулаймон (а) Осаф онро дар қасри ў (а) ҳозир кард. Сулаймон (а) гуфта буд:
–Бояд тахт зудтар аз Билқис расида бошад, чун ў дар ин ҳолат монанди кўдакест, ки ба бозичааш ниёзманду дилхуш аст. Аммо ба зудӣ онро ҳам раҳо хоҳад кард ва якдилу якҷиҳат ба Худованд рўй хоҳад овард.
Ва чунин ҳам шуд.
Рўзе Сулаймон (а) бар тахти худ нишаста буд. Бод вазидан гирифту бар ў мезад. Ў гуфт:
–Эй бод даст бардору бар ман мапеч!
Бод гуфт:
– Ту ҳам аз хаёлу орзуи хом даст бардор, то ман ҳам аз вазидан боз истам!
Бод бар тахти Сулаймон раст каж,
Пас Сулаймон гуфт: Бодо каж мағаж!
Бод ҳам гуфт: Эй Сулаймон каж марав,
В-ар равӣ каж, аз кажам хашмин машав.

Ҳамчунин хаёли шаҳвонӣ бар ў ғалаба ёфт. Ногаҳон тоҷаш каҷ шуд. Ҳарчи Сулаймон (а) кўшид онро
рост кунад, мумкин нашуд. То фикри шаҳвонии худро
раҳо накард, тоҷ ҳам бар сараш рост нагардид. Пас аз
ин ки аз хаёли хоми худ даргузашт ва андаруни дили
худро пок кард, тоҷ бар ҷойи худ истод. Он гоҳ Сулаймон (а) хост, ки озмоиш бикунад.

пешина
аз 298
навбатӣ