МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Оре, рўҳи одамӣ, ки дар қафаси тан гирифтор аст, ҳоли касеро дорад, ки бо ғайри ҷинси худ маҷбур ба ҳамнишинию ҳамхонагӣ аст.
З-ин бадан андар азобӣ, эй башар,
Мурғи рўҳат баста бо ҷинсе дигар.
Рўҳ боз асту табоеъ зоғҳо,
Дорад аз зоғону ҷуғдон доғҳо.
Худованд фармудааст:
–Ман ба зоҳири шумо наменигарам, балки бо дили шумо кор дорам. Дил хазинаи хубиҳову палидиҳо ва зебоию зиштиҳост. Муҳаммад Хоразмшоҳ ҳангоме ки шаҳри Сабзаворро гирифт, дастур дод, ки мардуми он шаҳрро бикушанд. Сабзавориҳо ҳамаи молу дороии худро пешкаш карданд ва аз шоҳ амон хостанд. Ў гуфт, ки ман фиреби шуморо намехўрам ва сарвату дороии шуморо намехоҳам. Танҳо шарти кушта нашудани шумо ин аст, ки дар ин шаҳр касеро пеши ман биёваред, ки номаш Абўбакр бошад.
Дар он шаҳр ҳама шиъа буданду душмани Абўбакр.
Ҳама аз тарси ҷон ба ҷустуҷў пардохтанд, то дар харобае марди бемореро ба номи Абўбакр пайдо карданд.
Хуфта буд ў дар яке кунҷе хароб,
Чун бидидандаш, бигуфтандаш: «Шитоб,
Хез, ки султон туро толиб шудаст,
К-аз ту хоҳад шаҳри мо аз қатл раст».
Марди бемор гуфт:
– Ман аз нохушӣ дар ин ҷо мондаам. Ин шаҳр пур аз душман аст ва ман ҳеҷ ёре надорам. Касе дастгири ман дар ин шаҳр нест. Агар ҳолам хуб мебуд, ҳаргиз дермон намекардам ва аз ин ҷо мегурехтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё