МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ҷиҳати овозии забонро, ба ақидаи Трубетской, бояд ду илм омӯзад. Овозҳои нутқ хусусияти физикӣ доранд, бинобар он дар омӯзиши он бояд аз методҳои илмҳои табиӣ истифода баранд, вале овозҳои забонро бояд методҳои лингвистика тадқиқ намояд. Овозҳои нутқро фонетика, овозҳои забонро бошад, фонология меомӯзад. Забону нутқ дар ягонагии диалектикӣ вуҷуд доранд, бе ҳамдигар шуда наметавонанд, яке ҷузъ бошад, дигаре кулл аст.
Қобилияти психикии одам – фикр кардан, ҳис кардан, ифодаи орзуву хоҳиш (ирода) – ин се функсияи забонро – коммуникативӣ, функсияи ифода ва функсияи муроҷиатро ба вуҷуд меоварад. Ин функсияҳои забон бо се намуди ҷумла – хабарӣ, амрӣ ва хитобӣ ифода мегардад. Онҳо ба забони адабӣ ва маданияти нутқ ҳам диққати калон медоданд.
Мазмуни асосии структурализми Прага аз инҳо иборат:
1.Забоншиносӣ илми мустақил аст, ки дар асоси системаи аломатҳои забон ба амал омадааст, аз ин рӯ, вай дар асоси психология, физиология ва ё мантиқ ба амал наомадааст. 2. Забон система аст. Онҳо мафҳуми системаро баракси атомизми ҷавонграмматикҳо, ки далелҳои забониро аз ҳам ҷудо, дар алоҳидагӣ дида мебаромаданд, мефаҳмиданд. 3. Онҳо забонро чун системаи функсионалӣ хеле хуб дарк намуда, онро ҳамчун воситаи ифоданоки системаи талаботи аъзоёни худро қонеъкунанда мефаҳмиданд. 4. Онҳо фонологияи назариявиро ба вуҷуд оварданд. Ба мисли Шерба хусусияти калимаву морфемаҳоро фарқкунонандагии фонемаҳоро нишон дода буданд. 5.Онҳо баробари системанокии ҳолати синхронии забонро қайд кардан инкишофу тараққиёти онро низ нишон додаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё