МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Лингвистикаи функсионалии Прага. Мактаби лингвистии Копенгаген ва ё глоссематика. Лингвистикаи дескриптивӣ ва ё тасвирии Америка Нақша:
1.Лингвистикаи функсионалии Прага чун шохаи ҷараёни структурализм.
2.Мактаби лингвистии Копенгаген ва ё глоссематика.
3.Лингвистикаи дескриптивӣ ва ё тасвирии Америка.
4.Намояндагон ва назарияи онҳо доир ба масъалаҳои забон.
Маҳфили лингвистии Прага ё ки Мактаби лингвистикаи функсионалӣ ба назария ва амалияи забоншиносии ҳозира саҳми арзанда гузошт. Ин маҳфил соли 1926 аз тарафи забоншиноси чех Вилем Матезиус (1882-1945) ва славяншинос Роман Якобсон (1896-1982) ташкил карда мешавад. Ба ин маҳфил ё ки саҳеҳтараш мактаби забоншинсоӣ забоншиносони чех Богумил Транка, Богуслав Гавранек, Ян Мукаржовский, Йозеф Вахек, Владимир Скаличка ва дигарон, инчунин забоншиносони рус Николай Сергеевич Трубетской, Сергей Осипович Карсевский, забоншиноси австриягӣ Бюлер, америкоӣ Блумфилд, фаронсавӣ Мартине, даниягӣ Елмселв, ҳолландӣ Гроот ва забоншиносони советӣ Винокур, Поливанов, Томашевский, Аванесов ва Виноградов низ дохил мешуданд ва таваҷҷуҳ доштанд.
Дар ташаккули назарияи лингвистии забоншиносони ин мактаб таъсири бевоситаи ақидаҳои Ф. де Соссюр ва инчунин забоншиносони рус Бодуэн, Фортунатов ва Шахматов хеле калон аст. Онҳо бисёр назарияҳои доир ба забон гуфтаи Сосюрро ривоҷу инкишоф ва ҳатто тағйир додаанд. Масалан, дар масъалаи синхронияю диахрония онҳо тарафдори ақидаи Бодуэн шуда муносибати зичи синхронияю диахронияро нишон медиҳанд, ҳол он ки Соссюр синхронияю диахронияро ба ҳам зид гузошта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё