Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо се хел хешаванд: овозӣ, кинетикӣ, графикӣ. Ба овозӣ баланду пастии овоз, тембри нутқ, оҳанг, талаффузи овозҳои нутқ дохил шавад, ба кинетикӣ имову ишора, ҳаракатҳои даст, чашм, абрӯ, мимика ва ба графикӣ ҳусни хат, усулҳои навишти он, қонунҳои аломатҳои китобат дохил мешаванд, ки онҳо ҳам дар алоқаи байни одамон ва ифодаи фикр саҳми калон доранд.

ПРАЯЗЫК (Нахустзабон) – нахустзабоне, ки забонҳои аз ҷиҳати генетикӣ (баромад), пайдоиш бо ҳам хеш аз он ба амал омадаанд.
Масалан, нахустзабони оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, сомӣ, туркӣ, кавказӣ ё ки нахустзабони шохаи эронӣ, ҳиндӣ, славянӣ, германӣ…

ПСИХОЛИНГВИСТИКА – илми нав буда, солҳои 50 асри ХХ дар Америка ба амал омадааст. Ин илм алоқамандии психологияву лингвистикаро нишон медиҳад. Психолингвистика назарияи фаъолияти нутқкунист. Вай протсесси нутқро аз рӯйи мундариҷа, арзиши хабардиҳияш меомӯзад.

ПУРИЗМ – ҳаракатест, ки соҳибони забон ва ё ягон табақаи онҳо бар зидди калимаҳои иқтибосӣ мубориза мебаранд.

РАВИЯИ ЛИНГВИСТИКАИ МАТН – равияест, ки объекти он
қоидаҳои созмони матни алоқаманд ва категорияҳои маъноист,ки
мутобиқи чунин қоидаҳо ифода меёбанд. Дар марҳалаи
нахустини инкишофи худ тарзҳои маҳфуз доштани алоқамандӣ,
фаҳмою возеҳ будани матн, методҳои ифодаи шахсу предмет
(сохторҳои анафорӣ – такрори айни як калима, силсилаи намуду
замонӣ), тақсимбандии тема ва рема, таҷзияи актуалии ҷумларо
таҳқиқ менамуданд. Ба инкишофи ин гуна таҳқиқ баррасии
масъалаҳои марбути сохторҳо, тартиби калима, қоидаҳои интихоби актуализатсия ҳангоми гузариш аз забон ба нутқ мусоидат намуданд.

пешина
аз 210
навбатӣ