МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ин равия бо прагматика (омӯзиши ҷанбаи корбурди аломатҳои забонӣ дар нутқ), психолингвистика, сотсиолингвистика, дискурс, суханварӣ (риторика), услубшиносӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
РЕМА – дар таҷзияи актуалии ҷумла маълумот ё ифодаи навро, ки баъди тема ҷой мегирад, рема меноманд.
СЕМАСИОЛОГИЯ – як қисмати забоншиносӣ буда, маънои лексикии калима ва ибораҳоро, ки бо ёрии онҳо предметҳо ва ҳодисаҳои ҳақиқати объективӣ ифода мегарданд, меомӯзад.
СЕМИОТИКА – илм дар бораи хусусиятҳои умумии системаи аломатҳост. Ба ин илм сигналҳо бо ёрии дуд, байрақчаҳо, чароғҳо, аломатҳои роҳ, канданиҳои фоиданок дар харитаҳо, аломатҳои топографӣ, имову ишора, мимика дохил мешаванд. Бо забоншиносӣ алоқаи зич дорад, зеро воситаи муносибат ва ифодаи фикр мебошад.
СИНТАГМА – ягонагии фонетикиест, ки маънои яклухтро дар протсесси нутқ ифода мекунад ва аз калима, ибора ва ҳатто гурӯҳи ибораҳо таркиб меёбад.
СИНТАГМАТИКА – тадқиқи забон аз рӯйи тақсимоти матни бардавом, ки дар муқоиса ба воҳидҳои хурдтарин ҷудо карда мешавад. Муносибати байни унсурҳои забон дар нутқ синтагматика номида мешавад. Вай бештар ба нутқ хоса аст.
Масалан, калима дар доираи ҷумла, морфема дар доираи калима, овоз дар доираи таркибҳои овозӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё