Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ асосгузори мактаби лингвистии Харков буд. Потебня ба инкишофи психологизми лингвистӣ ва забоншиносии муқоисавӣтаърихӣ ёрӣ расонидааст.
Потебня ба корҳои Ҳумболдт ва Штейнтал такя карда, консепсияи лингвистии худро ба вуҷуд меорад ва забонро чун ҳодисаи таърихӣ ва фаъолияти фикрии нутқ мешуморад. Ба фикри ӯ, забон ҳамчун яке аз намудҳои фаъолияти инсон се ҷиҳат дорад: умумиинсонӣ, миллӣ ва фардӣ.
Хусусияти умумиинсонии забон моҳияти он аст, вай аз системаи рамзҳо иборат буда, барои ифодаи фикр ёрӣ мерасонад. Моҳияти хусусиятҳои дигари забон ҷиҳати миллии он мебошад. Ягон категорияи грамматикӣ ва лексикие нест, ки барои ҳамаи халқҳо ҳатмӣ бошад.
Халқият умумияти забонро мефаҳмонад, фарқи халқҳо ин фарқи забонҳо мебошад, ки анъанаи халқро нигоҳ медорад.
Забон соф ҳодисаи таърихӣ мебошад, бинобар он ҳодисаи гуногунранг аст.
Фаъолияти нутқкунӣ ин амалиёти якҷояи забон, дониши нотиқ ва фикри ифодашаванда мебошад. Вазифаи муҳимтарини тадқиқотчӣ кушода додани муносибати фикру нутқ аст, на шаклҳои мантиқ ва шаклҳои забон. Забон на танҳо махзан ва воситаи ифодаи фикр ва эҳсос, балки воситаи ба шакл дарорандаи фикри гӯяндаву шунаванда мебошад. Потебня ба муносибати забон, нутқ ва фикр диққати махсус дода, қайд мекунад, ки фаҳмидани сохти семантикии калима, шаклу категорияҳои грамматикӣ муҳим аст. Ӯ ба калима диққати махсус додааст, қайд мекунад, ки калима хусусияти ҷамъбаст ва инкишоф додани фикрро доро мебошад. Ҳама гуна калима аз се унсур иборат аст: овози бурро, тасаввурот ва маъно. Калима бе овоз шуда наметавонад, албатта, овозҳои бурро ҳам бе маъно калима шуда наметавонанд.

пешина
аз 210
навбатӣ