Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, калима на танҳо ягонагии овозҳо, балки ягонагии тасаввурот ва маъно мебошад.
Потебня калимаро ҳамчун рамз ё ки аломати маънидор мефаҳмад. Ӯ баробари хусусияти ҷамъияткунандагии калимаро қайд кардан роли фаъолонаи онро дар инкишофи фикр қайд мекунад. Маънои калима бо мафҳум алоқаи зич дошта бошад ҳам, аз ҳам фарқ мекунад. Мафҳум хусусияти умумӣ дошта, маънои лексикиро ҳам дар бар мегирад.
Потебня ба масъалаи маънои лексикиву грамматикӣ ва муносибати байни онҳо, инчунин синтаксиси муқоисавӣтаърихии забонҳои славянӣ эътибори махсус додааст.
Умуман, дар ҳалли ин масъалаҳо ба забоншиносони минбаъда таъсири муайяне расонидааст.
Ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки таъсири психологизмро ҳоло мо дар сотсиолингвистика, структурализм, лингвосемиотика ва забоншиносии математикӣ мушоҳида мекунем.

Супориш: Мутолиа ва ёддошт намудан доир ба ҷараёнҳои
мантиқӣ ва психологӣ

Мавзуи 13.

Ҷавонграмматикҳо
Нақша:
1.Ақидаи ҷавонграмматикҳо доир ба забон ва танқиди забоншиносии пешина.
2.Эътибори ҷиддӣ додани ҷавонграмматикҳо ба ҷиҳати психикӣ ва физикии нутқи фарди алоҳида.
3.Ақидаи ҷавонграмматикҳо.

Давраи дуюми инкишофи забоншиносии муқоисавӣтаърихӣ ба фаъолияти мактаби лингвистии Лейбсиг
алоқаманд аст. Намояндагони нисбатан ҷавони ин маткба ба муқобили ақидаҳои забоншиносони нисбатан калонсол баромада буданд.

пешина
аз 210
навбатӣ