Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соли 1868 дар Петербург лексияи И.И.Срезневскийро мешунавад. Худи ҳамон сол асари аввалини ӯ «Баъзе ҳолатҳои корбасти аналогия дар тасрифи забони полякӣ» чоп мешавад. Бодуэен бори аввал принсипҳои тараққиёт ва тағйироти таърихии забонро ба сохти морфологии калима татбиқ мекунад. Қисмати аввали ин мақола «доир ба тағйирёбӣ ва махсусан кӯтоҳшавии асоси калима ба фоидаи бандак» ба назари Шлейхер, муҳаррири маҷалла чунон револютсионӣ менамояд, ки ба чопи он иҷозат намедиҳад ва он танҳо баъди 34 сол, яъне соли 1902 чоп мешавад. Соли 1870 дар Петербург диссертатсия ҳимоя намуда, дотсент мешавад ва бори аввал дар таърихи Университети Петербург курси грамматикаи муқоисавӣ аз тарафи ӯ хонда мешавад. Соли 1872 ба Австрия ва Италия меравад ва дар муддати се сол лаҳҷаҳои забони словениро меомӯзад. Натиҷаи кораш «Таҷрибаи фонетикӣ аз лаҳҷаҳои резянский» (1875) сазовори доктори забоншиносии муқоисавӣ гардид. Минбаъд Бодуэн дар панҷ Университет кор кардааст: солҳои 1875-1883 дар Қазон, 18831893 дар Юревск (ҳоло Тарту), 1894-1900 дар Краков, 1901-1918 дар Петербург ва 1918-1929 дар Варшава.
Дар Қазон дар атрофи профессори 30-сола устодон ва донишҷӯёни пешқадаму қобилиятнок ҷамъ омада маҳфиле барпо мекунанд, ки минбаъд ба мактаби забоншиносии Қазон асос мегузорад. Аз он шогирдон олимони намоён ба мисли Крушевский Н.В., Богородитский, В.А., Булич С.К., Радлов В.В., Александров А.И. ва дигарон ба камол мерасанд. Соли 1887 Бодуэн академики академияи илмҳои Краков ва соли 1897 узви вобастаи академияи илмҳои Россия интихоб мешавад. Ба аъзогии ҳақиқии Академия пешниҳод мешавад, вале бо сабаби фикрҳои сиёсии пешқадам доштанаш рад мекунанд.

пешина
аз 210
навбатӣ