МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Соли 1913 Бодуэн барои китобчааш «Аломатҳои миллӣ ва ҳудудӣ дар масъалаи мухторият» ба ҳабси дусола маҳкум мегардад, вале бо талаби қатъии зиёиёни рус бо сарварии академик Шахматов А.А. озод карда мешавад. Ӯ дар асарҳояш ҳуқуқи худмуайянкунии ҳамаи халқҳои Россияро ҳимоя менамуд.
Бодуэн асарҳояшро бо забонҳои полякӣ, русӣ, немисӣ, словенӣ, чехӣ, фаронсавӣ, италянӣ, литовӣ ва забонҳои дигар менавишт.
Бодуэн ба хориҷа сафарҳои зиёд кардааст ва дар ин сафарҳо бо забоншиносони машҳур вохӯрда, сӯҳбат карда лексияҳои онҳоро шунидааст. Вай лексияҳои И.И.Срезневский, Шлейхер, Лескин, Асколӣ ва дигаронро шунидааст, вале, ба гуфтаи Шахматов, ӯ худро шогирди ягон кас ва ё пайрави ягон мактаб нашуморидааст. Бодуэн соҳиби фикри худ ва мустақил буд. Дар шогирдонаш низ предмети худро дӯст доштан, мустақилияти фикр, ҷасорат, муносибати танқидӣ ба чизҳои кӯҳнашуда дар илм, шавқу ҳавас ба проблемаҳои назариявии умумилингвистӣ, майлу рағбат ба омӯзиш ва мушоҳидаи забонҳои зинда ва лаҳҷаву шеваҳоро мепарварид.
Бесабаб нест, ки як гурӯҳ олимони машҳур аз қабили Шерба Л.В., Поливанов Е.Д., Якубинский Л.П., Бернштейн С.И., Ларин Б.А., Томашевский Б.В., Владимирсов Б.Я., Баранников А.П., Виноградов В.В. худро шогирдони бевоситаи Бодуэн де Куртенэ мешуморанд. Ӯ дар корҳои худ чунин қоидаҳо ва хулосаҳои назариявӣ пешниҳод кардааст, ки минбаъд масъалаҳои асосии бисёр мактабҳои забоншиносӣ гардидааст. Бодуэн забоншиносиро бо як қатор истилоҳҳо бой гардонид, аз қабили фонема, морфема, морфологизатсия, семасиологизатсия, синтагма, лексема, графема ва ғ.
Бодуэн де Куртенэ доир ба масъалаҳои зерин фикр баён кардааст: 1. Бодуэн принсипан фарқ кунонидани овозу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё