МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
То ҳанӯз сабаби куштанашонро на ман медонам ва на очам. Шояд худат ҳам намедонистӣ. Медонистӣ, ба мо мегуфтӣ ё худро ҳимоя мекардӣ.
Падари азиз! Агар донӣ, ақаллан дар хобам омада бигӯй, ки туро кӣ кушт? То ман ҳам қасд ситонида тавонам!»
3.02.07
САНГИ САРСАХТ
Санге буни дарахти чанор ва ними он зери танайи дарахти азим монда ва касе ёд надорад, ки онро кӣ шинонда ва кай он аз замин руста. Аммо азиму парешоншох ва баъзе шохҳойи хушки нобуридааш ва ё аз вазни гарони барф ва боду боронҳо шикастааш бинандаро дар ҳайрат монад; баъзе шохаҳойи тамоми фаслҳойи сол урён ҳам. Ҳайратангез он аст, ки ними танайи чанор бар он бор ва шояд дар солҳойи наздик ин санги сарсахти силаву шаллоқхӯр ва бисёр зарбаҳойи беҳуда ба сар дида бо ранги хокистарийи пӯсти танайи паҳлавони афсонавӣ пӯшида гардад ва ба мағзи дарахт фурӯ рафта онро низ сангӣ гардонад ва ё баракс ширайи дарахт ин сарсахтро оҳистаоҳиста макида, маҳлул дар худ созад. Ин ҳама тахмин. Аҷаб он аст, ки пештар аз фурӯ кашидани чанор сангро пораҳойи хурду калони ҳамагуна шиша, сафол ва ҳар чизе, ки ба сари санг зада шикастан имкон дошта бошад, гӯр кардаанд; танҳо мисли он ки гоҳи тухмҷанг бо кафашон ҳама ҷойи тухмро пӯшида, сари тухмро баройи бо тухми дигар задан озод нигаҳ доранд, сари ин санги абрранг аён аст. Ва ҳар зарбае, ки аз ноҳаққӣ зананд, ба ҷое мерасад, ки андаке сираш рафта, аз ҷабру ҷафо мӯяш рехтааст.
7.02.07
ДУ ДӮСТ
Пеш аз Табаддулот Фатир қиссае овард ба Надир. Надир қиссаро хонду нуктаву эрод ва андешаҳояшро гуфт. Фатирро нафорид: «Худаш, ки сустак, гумонаш дигарон низ суст менависанд. Ҳама гуфтаҳояш аз ҳасаду бахилӣ. Ман медонам, ки қиссаам зӯр. Хааайр!» гӯё ришак кашида дар дил гиреҳ кард кинаро...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё