МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Аз он ки ба сар наравад ё паҳлӯ наафтад, ба дум низ такя мекард. Ҳамонанди ранҷуре хаёлӣ буд. Чашмонаш ҳаракат надошт; нур ҳам. Тани беҷон менамуд, ки хушк карда дар аҷойибхонае гузошта бошанд. Дар тоҷи хаёле дар фарқи сараш аён ва ғабғабаву пӯсти гирди чашмонаш асаре аз хун набуд. Сапеди хокистарзада метофтанд пӯстҳо.
Пати мурда зада буд. Аммо боз минқор ба замини нам гузошта, чун каси дар ҳолати назъи ҷон ба даҳонаш бо пахта об чаконида лаб меҷунбонд. Муродаш аз зиндагӣ ҷуз қатрайи об чизе нест. Об дар паҳлӯ; об дар пеш, лек ӯ намебинад. Ё тавону мадоре, хуше надорад, то ба он расад.
Ҷунбид. Мурдайи ҷон гирифтаро мемонд. Шояд ҳамчунон ҷунбида, то ба нам расида бошад? Валек пеш ё пас рафтанаш аён нест. Ғайри чашмдошт, якбора як пой рост кард; бар зонуйи чап меистод. Такон дода роҳ рафтанӣ ё тарзи ситодро дуруст карданӣ. Наметавонад. Мадад мехоҳад аз касе.
Ҳайраташ афзуд: «Наход худоҷӯе набошад?» Соҳиби аз раҳмдилиаш мушоҳидакориаш афзунтар садойи дил ва орзуву армони ӯро нашунид. Шояд ноилоҷ ва зору низор, ба кӯмаки кас эҳтиёҷ доштанашро пай бурд, ки як бор аз замин болотар нигарист. Ҳол он ки баробари одамро дидан мегурехт, то ба дасташ афтода тоҷ ё гулӯяш хунолуд нагардад. Зеро аз қуқуйи хурӯсони дигар тарзи дар тоба пухтану сӯхтанро шунида буд.
Чун дид, ки аз касе мададе намерасад, зонуйи қатро андаке пас лағжонд ва пойи чапи рост кардаашро хаёле пеш бурд...
Чу паргор тоб хӯрданӣ буд. Соҳиб мушоҳида мекард:
«Пешравӣ...»
Ба назар мерасид, ки ҳалқаш чу параш хаёле аз бод меларзад; на чунон ки мисли мурғони ташна даҳон кушода ҳалқак занад. На! Ҳар аламе ё азобе дошт, дар худ гирифта буд. Ба танг меомад. Месӯхт. Дард мекашид. Гирифтори дарди хеш буд. Ва он дардро ҷуз тани ӯ тани дигаре дарку эҳсос карда наметавонист. Дар нӯлаш боре гаронӣ кард, ки афшонд; оҳиста ва хеле боэҳтиёт. То озор наёбад. Зеро дардаш сахт буд: «Дарди бедаво».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё