МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ва якбора вазн пеш андохт. Гардан ёзида чу ковши трактори «Белорус» ба замин бархӯрд нӯлаш. Як зайл истод. Андеша дошт, то боз чӣ кор кунад. Мисоли обкаши хароби Дупула чӣ хушаш омад, ки об кашиданӣ шуд. Аз ҷунбиши минқор аён мегашт муродаш. Сонӣ танобро кашид, ки ба сони дандонаҳойи фӯлодийи вайронайи ковш нӯлаш заминро харошида, рахи рӯяке пайдо шуд. Обаке заҳид. Нӯл набардошта даркашид. Лек баъди фурсатҳо сар бардошта ҳалқ тар кард.
Қонеъ нагашт. Ҳамчу ғаниматёфта боз нӯл ба ғиҷоба ниҳод, то чу аждар фурӯ кашад.
Дар тоҷи кӯтаҳ, ғабғаба ва гирди чашмонаш ранги сурхи нимҳол дамид; наздик ба ранги гули шафтолу. Умеде аз зиндагӣ буд. Лек чун аввала мадоре набудаш. Ба назар ташнашикан шуд. Сонӣ пас-пас ҷунбида, дар ҷойи истодааш бо сахтӣ ним давр гашт. Хеле оҳиста аз санге, ки зонӯйи чапаш бар он такя дошт, гузашта, тоб хӯрд ва ба ҷилойи оби ҷӯяча, ки ба андозайи думчайи мурӯд буд, сахт нигарист. Ҷунбидаҷунбида ҳамонанди «Белорус» панҷаву пой устувор кард.
Хартуми дароз пеш андохт. Нӯлаш ба ҷӯя омад. Чун бохтаҷон монд ноҷунбон. Муддатҳо баъд, аз нав ҷон гирифта, об даркашид. Гулранг шуд гунааш. Мазмун, ба ин дунё бозгашт.
Пуху пари зери гулӯ ва сари сина тар шуда буд. Гӯйӣ ба худ омада сар бардошт ва реҷайи ҳаёти ояндаро мекашид. Чунон ки омадшуди Хуршедро бо чашми оддӣ дидан имкон надорад, дар гирди зонуйи шал паргор кашидани Хурӯсро низ мушоҳида кардан имкон надошт; ба назар ноҷунбон тоб мехӯрд. Валек чоряки давраро гаштанаш аён буд; маълум шуд, ки нӯлаш чу ақрабаки соъат ба тарафи шахи Сафед гаштааст... Сонӣ тарафи Говхона гашт, сипас тарафи боғи эшони Маллахон. Қарор истод. Мазмун: гуфтанӣ буд, ки дарди ману дарди писари эшон якест: ӯро низ каландбадасте баройи об зада аз миён поён шал гардонидааст; аз ин рӯ ба он ҷониб дилсӯзона дуру дароз нигарист... ва баъд, қариби пешин, ки бояд мардум ба мазори Хоҷа Таваккул Ато намози ҷумъахонӣ оянд, сари ӯ ҷониби рахи об гашт. Рӯ ба рӯйи рахи борики об
– ҷӯяйи кофтааш, магар ташнагиаш шикаста буд ва ё ҳангаш хушк гашта, ки хеле андешаманд ё парҳезгор истод. Магар зӯру тавон ғун оварда, аз андешайи зиёд ба хулосае омад, ки гардан ёзид ва нӯли сиёҳгаштаашро даруни об гӯр кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё